РОБИТАҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН ДАР ДОИРАИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Яке аз заруратҳои таъхирнопазири даврони истиқлолият ин ташаккул ва инкишофи муносибатҳо бо кишварҳои хориҷӣ пеш аз ҳама бо кишварҳои Осиёи Марказӣ буд. Зеро, чун Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи ҷуғрофӣ дар бунбасти комуникатсионӣ қарор дошт ин омил тақозо мекард то ҳамкорӣ ва муносибатҳо бо кишварҳои хориҷи дуру наздик алалхусус бо давлатҳои ҳамҷавор барқарор ва густариш ёбанд.

Ҳанўз дар нахустин баёнияи худ 19 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи таърихии ХVI Шўрои Олӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар «Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон», “мустаҳкам кардан ва боз ҳам инкишоф додани алоқаҳои неки ҳамсоягӣ ва ҳамкории ҳамаҷониба бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пеш аз ҳама бо Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон”- ро яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон нишон дода буд. Ҷумҳурии Қазоқистон давлатест, ки бо ҷумҳурии мо пайванди таърихӣ, маънавӣ ва динӣ дорад. Ҳамзамон, зиндагии 70 – сола дар низоми сиёсӣ ва ягонаи хоҷагидории Иттиҳоди Шўравӣ, вобастагии мутақобилаи соҳаҳои иқтисодӣ, энергетикӣ, саноат ва хоҷагии қишлоқ зарурати барқарор намудани муносибатҳои дипломатиро бо ин кишвари дўсту ҳамсоя пеш овард. Бо назардошти ин омили бунёдӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози истиқлол бо ин давлати ҷавон муносибатҳои дипломатӣ ва сиёсиро барқарор намуд.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба муносибатҳои ду кишвар 13 январи соли 1993 Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қазоқистон сафари корӣ анҷом дод.

Дар ҷараёни сафар нахустин санади муҳими байнидавлатӣ, Аҳднома дар бораи асосҳои муносибат байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба имзо расид, ки ба густариши робитаҳо байни ду кишвар заминаи боэътимод гузошт. Аҳднома аз 25 модда иборат буда, ба муддати 10 сол бо ҳуқуқи тамдид имзо гардид.

Аз рўзҳои аввали даргириҳои сиёсии солҳои 90 – ум Қазоқистон мекушид, ки зудтар дар ҷумҳурӣ сулҳу салоҳ барқарор гардад. Саҳми Ҷумҳурии Қазоқистон ва Президенти он Нурсултон Абишевич Назарбоев дар барқарор гардидани сулҳу субот дар Тоҷикистон хеле калон аст. Ҳанўз 5 сентябри соли 1992 Президентҳои Руссия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон Муроҷиатнома оид ба вазъи сиёсии Тоҷикистон қабул намуданд. Дар он омадааст: «Вақтҳои охир вазъият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шадидан муташанниҷ гардидааст. Муборизаҳои сиёсӣ мамлакатро ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расониданд. Дар натиҷаи ҷанг аҳолии осоишта талафоти зиёди ҷонӣ дида, хуни садҳо ашхоси бегуноҳ рехта истодааст. Ба сохти конститутсионӣ, дигаргуниҳои демократӣ таҳдидҳо ба амал омадааст. Сарҳадҳои ҷанубии ИДМ пайиҳам вайрон карда шуда, қочоқи яроқу аслиҳа авҷ гирифтааст.

Мулоқотҳои сатҳи олӣ ба фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва илмиву техникӣ таъсири мусбӣ расонида кори онро хеле ҷоннок намуд. Ҷаласаҳои кории ин комиссия солҳои 2001, 2004, 2005, 2006, 2007, 2008, 2014, 2017, 2019 баргузор гардида, муҳимтарин масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои бисёрҷонибаи худро бо созмонҳои минтақавию байналмиллалӣ ба роҳ монда, яке аз самтҳои сиёсати хориҷии худ меҳисобад.Ин созмонҳоро яке аз воситаҳои муборизаи дастаҷамъона бо хатарҳои глобалии замони муосир,ҳаллу фасли мушкилиҳо дар робитаҳои байнидавлатӣ ва воситаи таҳкими амнияту субот мешуморад.

Бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон муносибатҳои худро дар доираи созмонҳои минтақавию байналмиллалӣ аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони Ҳамкории Шанхай ба роҳ мондаанд.

Самтҳои асосии муносибатҳои ду кишварро дар доираи ин созмонҳо ба бахшҳои зерин метавон ҷудо кард:

• Тиҷоратӣ-иқтисодӣ

• Ҳарбӣ-сиёсӣ ва амниятӣ

• Илмӣ-фарҳангӣ

Ба роҳ мондани робитаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи кишварҳо дар соҳаҳои номбаршуда имконтият медиҳанд, то ки ин кишварҳо бештар ба ҳадафҳо ва мақсадҳои худ расанд.

Дар низоми муносибатҳои байнидавлитии Тоҷикистон бо давлатҳои минтақа ва ҳамсоя аз ҷумла Қазоқистон мақоми авлавиятнокро касб намудааст. Чӣ тавре,ки дар Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ қайд гардидааст: “Умумияти ҳадафҳо ва вазифаҳое,ки дар назди кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор доранд, зарурати рушду тавсеаи муносибатҳоро бо кишварҳои Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон бар пояи эътимод, дӯстӣ ва ҳамкории судманд тақозо менамояд”.

Яке аз созмонҳои хусусияти ҳамгироидошта дар минтақаи Осиёи Марказӣ ин Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) мебошад.

Шомил шудани кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин созмон, ҳамчун аксуламал ба ситезаҷӯиҳо дар чаҳони муосир ба ҳисоб меравад, ки кишварҳои минтақа баъд аз эълони истиқлолият бо он рӯ ба рӯ шудаанд.

Кишварҳои аъзои СҲШ дар назди худ ҳалли чунин масъалаҳоро аввалиндараҷа мешуморанд:

-Таъсиси механизми ҳамкорӣ дар самти таъмини амният дар ноҳияҳои сарҳадӣ, мутобиқ гардонидани қувваи умумӣ дар самти мубориза бар зидди терроризм, ҷудоихоҳӣ ва тундгароӣ;

-Ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангӣ;

-Ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ;

-Таъсиси механизми ҳалли ихтилофҳо миёни кишварҳои иштирокчии созмон. Ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон аз ибтидои таъсиси созмон мунтазам ба роҳ монда шудааст. Масалан, соли 2008 савдои хориҷии Тоҷикистон 3 млрд. 269 млн долларро ташкил мекард. Дар самти кишварҳои СҲШ бошад, ин нишондод ба 1 млрд. 569 млн доллар баробар буда, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қазоқистон 9,8 млн. долларро ташкил медод, (нисбат ба соли 2000, 4,1 млн доллар зиёд гардид, ки 5,7 млн. долларро ташкил медод). Нишондоди мазкур сол то сол афзуда, соли 2014ба 177,7 млн. доллар баробар гардид, ки он назар ба соли 2008, 167,9 миллион доллар зиёд аст [14].

Саҳми кишварҳои аъзои СҲШ дар тиҷорати хориҷиии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас буда, миёни онҳо Қазоқистон ҷойи намоёнро ишғол менамояд.

Соли 2013 саҳми умумии кишварҳои СҲШ дар тиҷорати хориҷии Тоҷикистон тақрибан 50% ташкил дода, ин таносуб дар самти мубодилаи мол байни ин ду кишвар содирот мутаносибан – 26,4%, воридот – 56,2 %-ро дар бар мегирад. Инчунин соли 2013 саҳми умумии Қазоқистон дар савдои хориҷии Тоҷикистон миёни кишварҳои СҲШ ба 43,1 % баробар буда, мутаносибан содирот 27,9 ва воридот 15,2 %-ро ташкил менамуд [15].

Ҳаҷми умуми мубодилаи тиҷорати хориҷӣ миёни кишварҳои аъзои СҲШ дар соли 2013, 150 млрд. долларро ташкил дода, ин таносуб миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 711,288 млн. доллари амрикоӣ баробар буд, ки таносуби содирот– 85,531 млн. доллар ва воридот бошад – 625,757 млн. долларро ташкил мекард [16]

Сафари расмии Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев ба Тоҷикистон санаи 19-20 майи соли 2021 дар таърихи робитаҳои дўстонаи ҳарду кишвар саҳифаи нав боз намуд. Дар ҷараёни мулоқотҳои судманд сарони ҳарду кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим Жомарт Токаев зарурати таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан манфиатбахшро байни кишварҳо таъкид намуданд. Дар фарҷоми мулоқот дар ҳузури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев 8 санади ҳамкорӣ байни ду кишвар ба имзо расид.

Сафари Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон ба зуди натиҷаҳои мусбӣ ба бор овард. 22 июни соли 2021 бо назардошти авҷи бемории короновируси COVID – 19 ва коҳиш ёфтани содироту воридот маводи истеъмолӣ Қазоқистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 10 ҳаз. т. орд ба миқдори 3,7 млн. долл. кўмаки башардўстона намуд. Дар маҷмўъ аз моҳи январ то июни соли 2021 Казоқистон ба Тоҷикистон ба маблағи 44 млн. доллари ИМА кўмаки башардўстона намудааст, ки ин аз сатҳи баланди робитаҳои ду кишвар гувоҳӣ медиҳанд.

Муносибати ду кишвар ба пешрафти минбаъда нигаронида шудааст ва рушди ҳамкорӣ дар ҳама самтҳо, бахусус дар соҳаи тиҷорат ва иқтисодиёт ба назар мерасад. Ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон ба таҳкими рӯҳияи дӯстӣ ва саҳмгузорӣ, шарикии стратегӣ, ҳамсоягӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ, ки ин ба муҳити минтақавӣ таъсири мусбат мерасонад, мусоидат хоҳад кард.

Мирзоев Н.М.-д.и.т.,

профессори ИИТ ДМТ

Ҷумаева П.А. н.и.т.,

мудири шуъбаи илмҳои

гуманитарии ИИТ ДМТ