Решаҳои дўстии халқҳои тоҷику ўзбек ба умқи асрҳо расида аз қадимулайём робитаҳои дўстӣ ва накуҳамсоягӣ миёни онҳо устувор буданд.
Тоҷикистон бар асари умумияти таърихӣ, анъанаҳои фарҳангӣ ва марзҳои муштарак ҳамеша хоҳони густаришу таҳкими муносибатҳо бо ҳамсоядавлати Ўзбекистон буд ва ҳаст.
Омили дигари ҳамзистии осоишта бо Ҷумҳурии Ўзбекистон ин мансубиятҳои этникӣ аст. Дар ҳудуди Тоҷикистон теъдоди зиёди намояндагони халқи ўзбек ва теъдоди зиёди тоҷикон дар ҳудуди Ўзбекистон зиндагӣ менамоянд.
Садсолаҳои охир халқҳои тоҷику ӯзбек дар ҳавзаҳои ягонаи сиёсӣ, ҷуғрофиву фарҳангӣ умр ба сар мебурданд ва ин омил низ дар баҳамбандии сарнавишту шеваи зиндагии онҳо таъсиргузор будааст. Иттиҳоди Шўравӣ ин ду халқро аз нав дар ҳайати як давлат муттаҳид намуд ва барои рушди онҳо шароити мусоид фароҳам сохт. Дўстӣ ва бародарии ин ду халқ қавӣ буд. Пошхўрии давлати Шўравӣ боиси таъсиси давлатҳои нави соҳибистиқлол гардид. Халқҳои тоҷику ўзбек дар харобазори Иттиҳоди фаноёфтаи Шўравӣ ҷумҳуриҳои мустақили худро эълон намуданд. 1 сентябри соли 1991 Ўзбекистон, 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон намуданд. Дар сарнавишти халқҳои тоҷику ӯзбек давраи нав давраи бунёди давлатҳои нави миллӣ оғоз ёфт. Сароғози давлатдории навин барои ҳарду халқ аз пешомади хушбинона ва муносибатҳои дўстона ва ҳамсоягии нек, ҳамкории мутақобилан судманд, ҳамзистии осоишта дарак медод. Дар аввалин суханрониҳои худ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 28 сентябри соли 1993 дар иҷлосияи ХVIII Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин изҳор намуд: «Барои мо тоҷикон муносибати дўстона, мустаҳкам ва тулонӣ бо Ӯзбекистон ҳам тақозои таърихӣ ва ҳам ниёзи мардумист».
22 декабри соли 1992 муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон барқарор гардид. Аз соли 1995 сафорати Тоҷикистон фаъолияти худро дар шаҳри Тошканд оғоз намуд.
Аз соли 1992 то имрўз миёни Тоҷикистон ва Ўзбекистон 160 созишнома, аҳднома, қарордод ба имзо расидааст, ки ҳамкориҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ, ҳарбӣ-амниятиро фаро мегиранд. Дар миёни силсиласанадҳое, ки байни ду давлат дар сатҳи роҳбарони ду кишвар ба имзо расиданд, муҳимтар аз ҳама Аҳднома дар бораи дўстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 4 январи соли 1993 ва Аҳднома дар бораи дўстии абадӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 15 июли соли 2000 ба ҳисоб мераванд, ки то кунун бо ягон кишвари дунё Тоҷикистон чунин созишнома ба имзо нарасонидааст.
Аҳдномаи дўстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкории соли 1993 бо Ўзбекистон ба имзо расида, аввалин Аҳдномаи дўсти ба шумор меравад, ки Тоҷикистон бо давлати хориҷӣ баъди дарёфти истиқлолияти давлатӣ имзо намудааст.
Сафари навбатии расмии Президенти Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев моҳи июни соли 2021 дар таърихи равобити ҳамсоякишварҳо руйдоди муҳими сиёсӣ маҳсуб ёфта дар муносибатҳои ду кишвар марҳилаи наву такомулиро боз намуд.
Дар ҷараёни сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев дар консерти тантанавии ходимони фарҳангу санъати Тоҷикистон ва Ӯзбекистон таҳти унвони “Шоми дӯстӣ”, ки дар Кохи Борбад баргузор шуд, иштирок намуданд. Чорабинии мазкур бо суханронии Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирамонович Мирзиёев оғоз гардид. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар қаноатмандию нишоти худ ва мардуми Тоҷикистонро аз ташрифи расмии меҳмони олимақом – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба сарзамини офтобию меҳмоннавози Тоҷикистон изҳор намуда, натиҷаҳои онро қадами муҳиму устувор дар роҳи таъмиқи муносибатҳои неки ҳамҷаворӣ арзёбӣ карданд. Дар фарҷоми барномаи фарҳангӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон Сарвари кишвари дӯсту бародар, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирамонович Мирзиёев “Барои хизматҳои шоён ҷиҳати таҳкими муносибатҳои байнидавлатӣ, тавсеаи робитаҳои дӯстона ва ҳусни ҳамҷаворӣ миёни халқҳои тоҷик ва ӯзбек, рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон” дар вазъияти тантанавӣ бо Мукофоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ордени “Зарринтоҷ” дараҷаи I сарфароз гардонида шуданд.
Имрӯз мардуми ду кишвари соҳибистиқлол анъанаҳои дустии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишер Навоиро идома бахшида, ба рушду нумуи робитаҳои ҳасанаи байни ду халқҳо саҳмгузор бошанд.
Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар арсаи байналмилалӣ – СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, СҲИ ва МҲТБО ҳамкории муваффақ доранд ва мавқеъҳои худро мунтазам ҳамоҳанг менамоянд.
Умуман, ҷараёни рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбакистон нишон медиҳад, ки ҷонибҳо ба таъмиқи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ ва таҳкими робитаҳои сиёсии байни ду давлат манфиатдоранд.
Тоҷикистон омода аст минбаъд низ муносибатҳои дуҷонибаро бо Ӯзбекистон дар рӯҳияи эътимоди мутақобил, бародарӣ ва шарокати роҳбурдӣ таҳким бахшад.
Ҷумъаева П.А. н.и.т.,
мудири шуъбаи илмҳои гуманитарии ИИТ ДМТ