Мақсади рафъи оқибатҳои хаборивори селҳои ахир дар чандин нуқоти кишвар, корҳо барои рафъи оқибатҳои офати табиӣ айни замон идома доранд.
Ин гуна чораандешиҳо дар деҳаи Ҳабутаки ҷамоати деҳоти Муҷуми ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд бо суръат идома дошта, ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ хабар медиҳад, бо техникам вазнини муҳандисӣ 4,5 километр роҳи байни деҳаҳо тоза карда шуда, биноҳои ёрирасон аз хоку шағал пурра тоза карда шуданд. Инчунин, кормандони шабакаҳои барқ хатҳои интиқоли барқи ноҳияро пурра барқарор намуда, ҳоло сокинони шаҳр бо нерӯи барқ таъмин гардиданд.
Ёдовар мешавем, ки 27 августи соли 2023, тахминан соати 18:30 дар натиҷаи боришоти шадид дар деҳаи Ҳабутаки ҷамоати деҳоти Муҷуми ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд сел ба таҳхонаҳои биноҳои истиқоматӣ ва 13 иншооти ёрирасон ворид шуда, зарар расонд. Бар асари ин сели харобкор 8 километр роҳи маҳаллӣ ва як сутуни интиқоли қувваи барқ хароб гардид. Дар ин офати табиӣ 48 сар чорвои калони сокинон талаф ёфта буд.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 30 августи соли ҷорӣ 20 нафар низомиёни яке аз қисмҳои низомии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёрии техникаи махсус ба корҳои бартарафсозии оқибатҳои сел дар километри 21-уми шаҳри Душанбе – Роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб, ки аз ҳудуди деҳаи Ғусғарфи ҷамоати деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб мегузарад, идома доданд.
Инчунин, бо кумаки техникаи муҳандисии КҲФ ва хадамоти роҳи ноҳия дар ҳудуди деҳаи Гулбоғ-2-и ҷамоати деҳоти Чорбоғ корҳои поксозӣ анҷом дода шудааст.
Айни замон тавассути кори дастаҷамъона бо ҷалби сокинони маҳаллӣ корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ идома дорад.