Доварони тоҷик барои ҳакамии бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 миёни дастаҳои олимпии (U-23), ки аз 6-ум то 12-уми сентябр баргузор мешаванд, даъват гардидаанд.
Довари ФИФА Гулмуроди Саъдулло ва ёвари довари ФИФА Ҳасан Каримов дар бозиҳои гурӯҳи «D» миёни тимҳои Ҷопон, Баҳрайн, Фаластин ва Покистон ҳакамӣ хоҳанд кард. Даври интихобии бозиҳои ин гурӯҳ дар шаҳри Ароди Баҳрайн баргузор мешаванд.
Доварони дигар аз Тоҷикистон – довари ФИФА Насрулло Кабиров ва ёвари довари ФИФА Хусрави Сиддиқзод бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23)-ро дар гурӯҳи «А» ҳакамӣ менамоянд, ки дар ин гурӯҳ дастаҳои олимпии Урдун, Сурия, Уммон ва Бруней бо ҳам рақобат мекунанд.
Инчунин, сардори раёсати муносибатҳои байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон – Давлатманд Исломов комиссари марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 (U-23) дар гурӯҳи «Е» таъйин гардидааст, ки дар доираи бозиҳои ин гурӯҳ тимҳои Ӯзбекистон, Эрон, Ҳонконг ва Афғонистон бо ҳам мубориза мебаранд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар шаҳри Тошканд баргузор мешаванд.