Аз 17-ум то 27-уми август дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни ҷавонони (U-17) баргузор гардид.
Дар мусобиқа 5-тими минтақа – Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.
Дастаи наврасони Тоҷикистон дар Чемпионати CAFA-2023 зери роҳбарии Далер Қаёсов 4-бозӣ анҷом дода, бо ба даст овардани 9-имтиёз қаҳрамони мусобиқа гардид.
Тими наврасони Тоҷикистон бар дастаҳои Афғонистон (3:1), Қирғизистон (4:1) ва Ӯзбекистон (2:0) ғалаба карда, аз мунтахаби Эрон (0:1) шикаст хӯрд.
Дастаи мунтахаби Ӯзбекистон низ дар ин мусобиқа 9-имтиёз ба даст овард, лекин бо сабаби пирӯзӣ дар вохӯрии байни тимҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон – тими наврасони Тоҷикистон сазовори медали тилло гардида, унвони қаҳрамониро ба даст овард. Дастаи наврасони Ӯзбекистон медали нуқра ва тими Афғонистон бо касби 6-имтиёз нишони биринҷии Чемпионати CAFA-2023 миёни ҷавонони то 17-соларо ба даст оварданд.
Дар маросими ҷоизасупории мусобиқа ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров ва дабири кулли Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Улуғбек Каримов иштирок варзиданд.
Дар натиҷа ҷоизаи «Fair Play» ба тими наврасони Тоҷикистон ва ҷоизаи махсус ба тими Эрон супурида шуд. Беҳтарин нишонзани мусобиқа бозингари мунтахаби Ӯзбекистон Нурбек Сарсенбоев (3-гол) гардид. Ҳамлагари тими миллии Тоҷикистон Муҳаммад Назриев бошад беҳтарин бозингари Чемпионати CAFA-2023 дониста шуд.
Сорбон Амонуллозода