Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллии ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид

Дирӯз дар Боғи фарҳангу фароғатӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ намоиш – фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Носири Хусрав баргузор гардид. Дар ин чорабини намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав иштирок намуда, аз маҳсули дасти кишоварзону ҳунармандон барномаи кансертии санъаткорон дидан намуданд.

Дар чорабини кишоварзони ноҳия маҳсулотҳои хушсифати ниёзи аввалияро ба монанди тарбузу харбуза, картошкаю пиёз, гушту мева ва анвои гуногуни ғаладонагиҳоро бо нархи арзон пешниҳоди сокинони шаҳри Душанбе гардониданд. Ҳамзамон санъаткорони ноҳияи Носири Хусрав бо суруду рақсҳои ҷаззоби худ табъи сокинонро болида гардониданд. Дар оғози чорабинӣ муовини раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода баромад карда, қайд намуд, ки бо дастгирӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат – Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишварамон пайваста чорабиниҳои барҳангию фароғатӣ баргузор гардида, барои муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишварамон мусоидат менамоянд.

Дар идомаи чорабинӣ раиси ноҳияи Носири Хусрав Саиднеъмон Шарифзода баромад карда, иброз намуд, ки ноҳияи Носири Хусрав яке аз аграрии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, шуғли мардуми ноҳия асосан кишоварзӣ ва чорводорӣ мебошад. Соҳаҳои асосии кишоварзии ноҳияро пахтакорӣ, ғаллакорӣ, боғдорӣ, сабзавотпарварӣ, моҳидорӣ ва кирмакпаварӣ ташкил медиҳад, – гуфт Саиднеъмон Шарифзода раиси ноҳияи Носири Хусрав.

Бояд гуфт, ки нархи маҳсулотҳои кишоварзӣ дар намоиш – фӯруш қариб як баробар нисбат ба бозорҳои шаҳри душанбе арзонтар буда, ин ҳолат боиси хушнудии сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе гаштааст. Тавре Абдумуъмин Садриддинов сокини ноҳияи Фирдавсӣ мегӯяд, баргузории чунин намоиш – фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ дастархони меҳмонону сокинони пойтахтро ғанӣ гардонида, барои захираи бештари буҷаи оилаҳо мусоидат мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки намоиш – фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии ноҳияи Носири Хусрав имрӯз то нисфирӯзи идома ёфт. Ёдовар мешавем, ки намоиш – фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ, таъомҳои миллӣ ва барномаи фарҳангии шаҳру ноҳияҳои кишварамон дар боғҳои пойтахт то 3 – юми сентяби соли равон идома мекунад.


Сарвинози Сайдалӣ,

радиои “Тоҷикистон