I
Муовини мудири шуъбаи минтақавӣ (1 ҷой)Талабот ба номзад:
- Таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ ( магистр );
- Доштани собиқаи кор на кам аз 5 сол дар соҳаи бонкӣ ва молиявӣ (на кам аз 3 сол дар вазифаи роҳбарикунанда);
- Донистани хуби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон алалхусус иқтисодӣ, бонкдорӣ ва меҳнатӣ:
- Доштани қобилияти хуби муошират бо коллективӣ меҳнатӣ ва аҳли ҷомеа;
- Маҳорати баланди кор бо компютер MsОffice (Word, Ехеll, Power Point), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабақаи интернет;
- Донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
II
Мутахассиси пешбари шуъбаи назорати бонкӣ (1 ҷой)Талабот ба номзад:
- Таҳсилоти олии иқтисодӣ ё молиявӣ (бакалавр, магистр), дорои таҷрибаи кофии касбӣ дар соҳаи ҳисобдорӣ ё бонкӣ, доштани қобилияти баланди таҳлилию тадқиқотӣ ва хулосабарорӣ, доштани собиқаи корӣ дар низоми бонкӣ, иқтисодӣ на камтар аз 2 сол;
- Донистани хуби санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи фаъолияти бонкӣ ва меҳнатӣ:
- Доштани қобилияти хуби муошират бо коллективӣ меҳнатӣ ва аҳли ҷомеа;
- Маҳорати баланди кор бо компютер MsОffice (Word, Ехеll, Power Point), донистани хуби барномаҳо барои кор дар шабақаи интернет;
- Доштани имконият барои сафарҳои хизматӣ;
- Донистани тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ;
- Муайян карда тавонистани хавфҳои соҳавӣ ва равандҳои осебпазир дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ.
- Донистани забони давлатӣ, русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ариза ба номи Раиси комиссияи озмун;
- маълумотнома (справка-объективка);
- варақа (анкета)-и баҳисобгирии корманд;
- тарҷумаи ҳол (ҳолнома);
- расм 2 дона андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад (шиноснома);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои зарурии тасдиқкунандаи таҳсилоти касбӣ (диплом);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- маълумотномаи тиббӣ (шакли 038УЕ);
- маълумотнома аз ВКД оид ба надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН).
Қабули ҳуҷҷатҳо ҳамарӯза баъд аз соати 14:00 дар нишонии зерин шуруъ мегардад:
- ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 38/1, Идораи кормандон
- Телефон барои маълумот:(44) 600-32-11 ва
- Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, ш. Хоруғ,
- кӯчаи Азизбек 2. Телефонҳо барои тамос; (44) 6400613, 6400608, 935441801.
- Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 25 июли с. 2023