Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад

Аз 6 то 12 июл дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия баргузор мегардад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» додааст.

Чорабинии мазкур дар асоси қарори ҷаласаи 18-уми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия доир карда мешавад.

Қисмати асосии чорабиниҳои рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.

Дар арафаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин 7 июл барномаи консертии Ҳунарпешаи халқии Федератсияи Русия Денис Матсуев доир мегардад.

8 июл ҳамчунин дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории консерти ансамбли давлатии академии рақсии халқии «Налмэс»-и Ҷумҳурии Адигейи Федератсияи Русия пешбинӣ шудааст.