Инак, боз рӯзи таърихии барои мардуми шарифи Тоҷикистон муборак- Иди Ваҳдати миллӣ дар фарҷоми моҳи аввали фасли гармо фаро мерасад. Ҷашни якдилӣ, ҷашни муттаҳидӣ ва сарҷамъии мардум дар санаи сарнавиштсози 27-уми июн ҳамасола тантана мешавад. Ин санаи муборак раванди шаклгирии таҳаввулоти минбаъдаи кишвари моро дигаргун сохт ва умеду орзуи мардум ва ҷомеаи ҷаҳониро ба фардои нек, ба сулҳу ваҳдат ва созандагиҳо дар Тоҷикистон бедор кард. Раванди ба вуҷуд овардани боварии тарафайн ва гирифтани пеши роҳи дахолати бегонагон заҳмати шабонарӯзи ва фидокориву ҷуръати хосеро талаб мекард, ки ба бахти миллати тоҷик, Роҳбари ҷавонаш чунин хислатҳои олиро доро буд.
Ифтихори ватандорӣ, дурандешӣ, қотеияту матонат ва ҳисси баланди масъулият ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон дод, ки дар роҳи хотима бахшидан ба низоъ ва хусумати дохилӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати ростин миёни мардуми кишвар комёб гардид. Роҳ ба сӯи созандагӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз боз шуд. Душвориҳо пушти сар гаштанду гавҳари мақсуд ба даст омад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист бо иродаи мустаҳками сиёсӣ ва тинати ватандӯстона ҷиҳати таҳкиму таъмини сулҳу субот дар як минтақаи ҷангдидаву харобшуда созишу ризоияти тоҷиконро фароҳам овард. Ба шарофати ӯ сулҳу истиқрор дар Тоҷикистон пойдор ва тоҷикон соҳиби ғояи миллӣ гардиданд, ки онро Ваҳдат унвон аст.
Ваҳдати миллӣ ҳамчун рамзи пирӯзиву хушбахтӣ ба мардуми тоҷик неруву тавони нав бахшид, дар қалби ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба фардои ободу осуда фурӯзон намуд ва қалбҳои хурду бузурги мамлакатро пур аз шодиву фараҳ гардонид.
Ваҳдати миллӣ барои мардумони азияткашидаи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз он лиҳоз рӯйдоди муҳиму сарнавиштсоз ва аҳамияти бузурги сиёсию таърихӣ дорад, ки дар баробари қатъи оташбасу бозгашти гурезаҳо ба манзилҳои аҷдодӣ миллату давлати тоҷиконро аз маҳву парокандагӣ наҷот дод. Барои ба сулҳу оштӣ овардани сангарҳои муқобил ва бедор кардани ҳисси хушбинӣ ба мардуми ҳама умеду орзуҳояшон барбодрафта сарвари ҷавони Тоҷикистонро сабру таҳаммули беандоза, гузашту бардоштҳои беҳамто ва шуҷоату сарсупурдагиҳои беназир мебоист. Ваҳдати миллии тоҷиконро рӯйдоди бузурги таърихию барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ибратомӯз меҳисобанд, ки амсолашро таърихи башар ёд надорад. Дар ин роҳи муқаддас, ки қуллаи мақсуд шебу фарози бешумор дошт, Тоҷикистонро Сарвари роҳнамову ҳидоятгар мебоист, ки халқро ба саодат бирасонад. Ба ҳайси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷрои ин рисолати ватандорӣ сарбаланду сарфароз шуд ва зимни нахустин баромадашон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардида буд: “Ман ба шумо сулҳ меорам!”, “То охирин гурезаи тоҷикро ба Ватан барнагардонам худро осуда ҳис намекунам”. Воқеан ҳам Пешвои миллат тавонист дили мухолифинро ба сулҳу бозгашт ба Ватан гарм созад. Чун дар гуфтору рафторупиндор сидқан самимӣ буду ҳама ҳастии худро дар роҳи рисолати таърихии бар зимма гирифтааш бахшида буд, сарварони кишварҳои дар раванди сулҳи тоҷикон иштирокдошта дар симои ӯ наҷотгари халқи Тоҷикистонро диданд. 27 июни соли 1997 рӯзи имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар саҳифаҳои давлатдории навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин навишта шудааст. Ҳарчанд аз он рӯзҳои тақдирсоз дуртар мешавем мавзӯи ба мусолиҳа овардани гурӯҳҳои мухолиф моҳияти бештару чиддитар пайдо мекунад. Зеро мебинем, ки вазъи кунунии ҷомеаи башарӣ, аз қабили табаддулотҳои хунину зуҳури терроризму ифротгароӣ дар Шарқ боиси парешонию ҳиҷрати сокинони осоишта ва шикасту таназзули сохти давлатдорӣ дар минтақа мегарданд. Ин рӯйдодҳо моро ба дарки воқеияти дастоварди бузурги таърихие, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ сулҳи тоҷикон ном гирифтааст, водор менамояд.
Ваҳдати миллӣ аз ин сабаб барои тоҷикистониён азизу арзишманд аст, ки миллату давлати моро аз вартаи нестӣ наҷот дода, барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз замина гузошт.Вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад. Рӯзи Ваҳдати миллӣ пойдору муборак бошад ва барои ҳамешагӣ гулафшонӣ кунад.
Шукронаи нони Ватану номи Ватан,
Шукронаи субҳи Ватану шоми Ватан.
Шукронаи ҳар нафас, ки бо ӯ бикашам,
Шукронаи моҳи гӯшаи боми Ватан.
Шукронаи ҳар хонаи ободи Ватан,
Шукронаи ҳар тифлаки дилшоди Ватан.
Шукронаи ҳар чеҳраи хурсанди Ватан,
Шукронаи ҳар фарди хирадманди Ватан.
Холида Намозова
мудири бахши кор бо занони
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён