Имрӯз, дар меҳмонхонаи “Ҳаят Реҷенсӣ”-и Душанбе Форуми сармоягузории Тоҷикистону Корея аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корея баргузор гардид.
Тавре Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад, Форумро раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ-Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон-Квон Донгсон, вазири саноат ва технологияҳои нав-Шералӣ Кабир, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ-Муминзод Камолиддин, раиси Палатаи савдо ва саноат-Ҷамшед Ҷумъахонзода ва роҳбари ҳайати сармоягузорони Корея бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуданд.
Дар Форуми мазкур раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ-Муминзод Камолиддин вобаста ба имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуд. Дар Форум беш аз 150 нафар иштирокчӣ аз ҳарду ҷониб иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории Форуми мазкур пайдо намудани шиносоии сармоягузорони кореягӣ аз фазои сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин густариши равобити тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳои мустақим миёни бахши хусусии ду кишвар, ҳамчунин тавассути сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ бунёд намудани корхонаҳои истеҳсолӣ ва саноатӣ мебошад.