Мунтахаби Тоҷикистон зери роҳбарии Петр Сегрт дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ натиҷаи назаррас нишон дода натавонист.
Барои мубориза бурдани ҷойи сеюми мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» тими Тоҷикистон бояд дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дар гурӯҳи «А» бар тими Ӯзбекистон ғолиб меомад. Ин рақобат бо натиҷаи калони 5:1 ба фоидаи футболбозони ӯзбек хотима ёфт. Голи ягонаро аз ҳайати мунтахаби Тоҷикистон нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 13-уми вохӯрӣ аз зарбаи ҷаримавӣ ба самар расонид.
Дар бозии дигари ин гурӯҳ тими Уммон бар дастаи Туркманистон бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда, барои ҷойи сеюм рақобат мекунад.
Ба ин тартиб, дар гурӯҳи «А» мунтахаби Ӯзбекистон 9-имтиёз ба даст оварда, мақоми аввалро касб кард. Ҷойи дуюм насиби тими Уммон (4-хол) гардид. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Туркманистон (1:1) ва Уммон (1:1) мусовӣ карда, бо ду имтиёз дар ҷои сеюм қарор гирифт. Тими миллии Туркманистон (1-хол) зинаи охиринро ишғол намуд.
Рӯзи 20-уми июн тимҳои миллии Уммон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм рақобат мекунанд. Дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон дар финали мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» бо ҳам вомехӯранд.