Дар замони муосир, ки тағйири иқлим ва вазъи бавуҷудомадаи геосиёсӣ аҳолии дунёро ба мушкилоти норасоии ғизо ва баландшавии арзиши он мувоҷеҳ намудааст, самаранок истифода бурдани замин ва ба даст овардани ҳосили баланд аз шартҳои аслӣ ва аҳдофи кишоварзон ба ҳисоб меравад. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки хосилнокии баланди зироатхои кишоварзӣ дар баробари анҷом додани корҳои агротехникӣ аз сифати тухмиҳо низ вобастагӣ дорад. Яъне, тухмии хушсифат барои ба даст овардани ҳосили фаровони зироатҳои кишоварзӣ мусоидат мекунад. Таваккал Ҷабборов коршинос аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мегуяд, ки сифатнокии тухмиҳо ба дараҷаи тозагӣ, қобилияти сабзиш ва намнокии тухмӣ рабт дорад.
Ин ҳамсуҳбати мо боварӣ дорад, ки 50 фисади ҳосили зироат аз тухмӣ вобастагӣ дорад ва дар навбати худ сифатнокии тухмиҳо ба меъёри кишт таъсир мерасонад
Мутахассисон соҳаи тухмипарвариро яке аз самтҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷаи кишоварзӣ медонанд. Дар истеҳсолоти кишоварзӣ мавқеи асосиро маҳз ҳамин соҳа ишғол менамояд. Вазифаи асосии тухмипарварӣ таъмини хоҷагиҳои ҷамъиятиву инфиродӣ бо тухмии босифат, нигоҳдории навъҳо ва хусусиятҳои биологии онҳо мебошад. Таваккал Ҷабборов коршинос аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мегўяд, ки парвариши тухмӣ нисбат ба кишти маъмулии зироат фарқ мекунад.
Одатан деҳқонони асил ҳангоми интихоби тухмӣ як қатор амалҳоеро иҷро мекунад, ки ба манфиат буда, истифодаи таҷрибаи онҳо барои дигар деҳқонон нофеъ аст. Коршинос Таваккал Ҷабборов мегўяд, ки деҳқони одӣ барои захира намудани тухмӣ пеш аз ҳама гандумро шуста тоза менамояд.
Шарти аслӣ дар парвариши тухмӣ ин дастрасӣ ба панҷ омили ҳаётан муҳими растанӣ мебошад. Ҳамсуҳбати мо аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мегўяд, ки Таваккал Ҷабборов тухмӣ маводи беҳтарини киштшаванда аст, аз ин рў бояд он ба панҷ омили ҳаётан муҳими растанӣ дастрасӣ дошта бошад.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки имрўзҳо баъзе аз деҳқонон ҳангоми кишт навъҳои тухмии гибриди воридшудаи хориҷиро истифода мебаранд. Оё метавон аз ин намуди тухмиҳо барои кишти баъдӣ тухмӣ захира намуд. Таваккал Ҷабборов коршинос аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мегўяд, ки дурага ва ё тухмии гибридӣ тухмиест, ки онро танҳо як сол метавон истифода бурд.
Танҳо ҳамин ибрози назар кофист, ки метавон дар такя ба сифати тухмии зироат дурнамои ҳосилро муайян карду амнияти озуқавории кишварро таҳким бахшид. Дар шароити кунунӣ, ки биноба маълумоти Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ соли 2023 нисбат ба солҳои пешин аз нигоҳи таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ боз ҳам вазнинтар мешаваду шумораи одамоне, ки ба хатари гуруснагӣ дучор мешаванд, ба 220 миллион нафар мерасад моро мебояд ки аз тухмиҳои хушсифат ҳар чӣ бештар аз пештар истифода намоему дар таъмини бозори истеъмолии мамлакат нақшгузор. Дар ин самт ба соири кишоварзон мувафаққият хоҳонем.
Муродулло Раҳимов
радиои “Тоҷикистон”