Осори мутафаккири бузурги асрҳои миёнаи тоҷик Абуалӣ ибни Сино, ки дар ин ҷилди Осори ў ба хонанда пешниҳод карда мешавад, аз рисолаҳои «Ҷадал», «Хитоба», «Суфастоӣ» ва «Фанни шеър», ки аз бахшҳои муҳими илми мантиқи «Китоб-уш-шифо» ба шумор мераванд, иборат аст. Боиси шодмонист, ки аз нигоҳи аҳамияти илмӣ ва фарҳангии ин рисолаҳо ва назариёти мантиқӣ-гносеологии дар онҳо дарҷёфта то ҳанўз арзиши худро аз даст надодаанд. Муҳимтарин арзиши ин осор иборат аз он аст, ки дар он раванди ҳаракати ақлонии фикр аз таваҳҳумот ба сўи ҳақиқат, роҳи озод намудани тафаккури инсон аз шабаҳҳо, сафсатаву суханбозиву фиреб, дурўғу хаёлоти номатлубе, ки ба инсон ба таври мақсаднок, иҷборӣ ва ё тасодуфан бо роҳҳои мухталиф ворид мешаванд, нишон дода мешавад.
Ҳайати таҳририя: Ф.К.Раҳимӣ (раис), Муҳаммад А.Н.(муовин), К.Олимов, А.Шарипов (котиб), Р.Назариев, М.Маҳмадҷонова, М.Шамсов, С.Маҳмадуллоев, И.Саидов, А.Хоҷиев, К.А.Аскардаев, Ғ.Ашуров, М.Диноршоев, Х.Додхудоев, Т.Мардонӣ, Ю.Нуралиев, С.Сулаймонов, С.Джонбобоев.
Аз арабӣ тарҷума карданд: Рисолаи «Ҷадал» – Мақолаи аввал – С.Шаҳобиддинов, мақолаи 2 – С.Маҳмадуллоев, Ҳоҷиев, И.Саидов, Р.Назариев, мақолаҳои 3, 7 – Давлатов З., мақолаи 4-И.Гадоев; мақолаҳои 5-6 – А.Ҳоҷиев; Рисолаи «Хитоба» – А.Ҳоҷиев; Рисолаи «Суфастоӣ»- А.Ҳоҷиев, З.Давлатов; Рисолаи «Фанни шеър»- К.Аскардаев, З.Давлатов.
Муаллифони сарсухан:Муҳаммад А.Н.,Ҷонбобоев С. Мураттиб: Кишвар Аскардаев Муҳаррирони масъул: С. Маҳмадуллоев, М.Сайфуллаев ва А.Шарипов Таҳрири ихтисосӣ: Маҳмадуллоев, Р. Назариев, И.Саидов, К.Аскардаев.