Натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ифтитоҳи иншооти иқтисодӣ ва иҷтимоиву маъмурӣ дар шаҳри Турсунзода бо ҳузури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, мушкилоти раванди тағйирёбии иқлим барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳифзи ҳуқуқи маъюбон ва рушди истеҳсолоти дохилӣ аз ҷумлаи муҳимтарин мавзӯҳои баррасишуда дар нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанеб аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораҳои рӯзи 25 май дар мавриди натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин, ифтитоҳи иншоооти иқтисодӣ иҷтимоӣ дар шаҳри Турсунзода бо ширкати Пешвои миллат гузоришҳои муфассал ва дигар хабарҳо аз ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии Тоҷикистон чоп кардааст.
Аз ҷумла зирк мешавад, ки рӯзи 24 май дар шаҳри Турсунзода корхонаи «Сипар гурӯҳ» ифтитоҳ шуд, самти фаъолияти асосии он ба ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва шаҳрвандӣ равона гардидааст.
Дар корхонаи навбунёд, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис ёфтааст, дар марҳилаи аввал бо ворид намудани қисмҳои алоҳида аз хориҷи кишвар ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсус ба роҳ монда шудааст.
Дар баробари ин нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 25 май мақолае дар робита ба рустаниҳои шифобахши кишвар ва масъалаи коркарди саноатии он чоп кардааст.
Муаллиф менависад, ки Омори расмӣ нишон медиҳад, ки дар ҷумҳурӣ зиёда аз 80 намуди рустаниҳо ҳамчун гиёҳҳои шифобахш барои коркард ва истифода ба сифати маводи доруворӣ тавсия дода мешавад. Мутаассифона, аз ин миқдор имрӯз танҳо 23 номгӯи гиёҳҳо барои табобат ҷамъоварӣ мешаванду халос.
Дар баробари ин дар мақола таъкид мешавад, ки рустаниҳо набояд ғайриоқилона аз табиат ҷамоварӣ шаванд, зеро бисёри онҳо худрӯй буда, ба худ муносибати хос металабанд. Боиси таассуф аст, ки дар бисёр маврид аз сабаби рафтори дағалонаи аҳолӣ ва хоҷагиҳои ҷангал нисбат ба олами набототу рустаниҳо теъдоди баъзе аз гиёҳҳо, аз қабили зираи форсӣ, камоли сумбул ва камоли муғулкӯҳ ба нестӣ рафтаанд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 24 май хабар додааст, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагон тағйиру иловаҳо ба қонунҳо «Дар бораи нафт ва газ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва Кодекси замини Тоҷикистон ворид гардид.
Аз ҷумла зимни баррасии тағйирот ба қонун «Дар бораи нафт ва газ» Далер Ҷумъа вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар ин ҷаласи парлумон гуфт, ки дар ҷумҳурӣ итихроҷи нафт ва истифодаи маҳсулоти нафтӣ аз даврони шӯравӣ ба роҳ монда шуда, то имрӯз 25 кони нафту газдор мавриди истифода қарор дода шудааст.
Ба гуфтаи вай замони шӯравӣ иқтидори солонаи истихроҷи нафт то ба 400 ҳазор тонна расида буд, аммо айни замон захираҳои конҳои нафту газ дар марҳилаи анҷомёбӣ қарор доранд ва истихроҷи он ба таври назаррас коҳиш ёфта, ҳамагӣ 25 ҳазор тоннаро дар бар мегирад.
Далер Ҷумъа таъкид кард, ки имрӯз зарурати бо ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ ба истифода додани майдонҳои нави нафту газ ба миён омадааст. Аз ин рӯ ба гуфтаи вай тағйирот ба қонуни мазкур барои истифодаи захираҳои нафту газ ва маҳсулоти он равона шуда, фаъолияти истифодабарандагонро новобаста аз шакли моликияташон, ки дар соҳаи нафт ва газ фаъолият доранд, танзим менамояд.
Нашрияи “Садои мардум” дар шумораи хеш бо нашри матлабе бархе мушкилоти маъюбонро дар ҷомеа матраҳ кардааст.
Муаллиф менависад, ки барои дастрасии маъюбон ба биноҳои инфрасохторӣ кормандони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамасола дар панҷ шаҳру ноҳия санҷишҳо мегузаронанд. Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки дастрасии маъюбон ва гурӯҳи камҳаракати аҳолӣ ба бино ва иншооти инфрасохтории ҳудуди шаҳру ноҳияҳо мувофиқи мақсад нест.
Инчунин ба навиштаи муаллиф, таъмин шудан бо кор мушкили дигари маъюбон мебошад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» оид ба муқаррар шудани квотаҳо барои маъюбон аз ҷониби корфармоён дар аксар ҳолат риоя намешавад.
Шояд мушкил дар он бошад, ки дар тасаввури ҷомеа шахси маъюб инсони нотавону эҳтиёҷманд аст. Барои аз байн бурдани ин ақида моро зарур аст, то барномаву консепсияҳоеро, ки доир ба ҳуқуқҳои маъюбон қабул мешаванд, тарғиб намоем, таъкид кардааст муаллиф дар фарҷоми мақола.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 24 май бардошти рӯзноманигор Одили Нозир аз ширкати ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Теҳронро чоп кардааст. Муаллиф интиқод аз он кардааст, ки масуълин дар ин намоишгоҳ натавонистанд осори илмиву адабии Тоҷикистони муосирро барои мадуми Эрон муаррифӣ кунанд. Зеро китобҳое, ки дар ин намоишгоҳ муаррифӣ шуд ҳамагӣ бо хати кирилӣ буда, барои хонандаи эронӣ мутолиаи он хеле мушкил аст.
Ба хулосаи муаллиф, хуб мешуд, ки дар оянда Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон як теъдод осори назму насри адабиёти муосири тоҷикро бо хати форсӣ нашр карда, дар намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” муаррифӣ кунад.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре масъалаи рушди ҳукумати электронӣ дар кишвар, бахусус роҳандозии сомонаҳои расмӣ аз ҷониби мақомоти маҳалии шаҳру ноҳияҳоро баррасӣ кардааст.
Муаллиф дар ин замина навиштааст: “Хостам, ки бо таъриху фаъолияти ноҳияи Шоҳмансур шинос шавам. Вақте вориди сомонаи ноҳия шудам, аввал ороишаш диққатамро ҷалб кард. Сипас, вориди ҳар як “рубрика”-и сомона шудам. Маълумоти муфассалро дар бораи масъулину сохторҳои ноҳия пайдо накардам.”
Ба гуфтаи муаллиф дар баъзе рубрикаҳо маълумот нест, ё куҳнаанду иртибот ба ин ноҳия надоранд. Ба рубрикаи “Нома ба раис” ворид шуда, хостам, ки арзи дил нависам, то масъулин пайи рафъи камбудӣ шаванд. Аммо дар ин рубрика ягон имконияти навиштани нома ё фиристодан нест, таъкид кардааст муаллифи матлаб.
Ба таъкиди муаллиф дар сомонаи ин ноҳия фақат акси раис бо вазифааш ҳасту халос. Гӯё ин ноҳия муовини раис ва дигар сохтор надошта бошад. Шояд ин сомонаи ноҳия чанд масъул дошта бошаду аз ин ҳисоб маош мегиранд, вале ба чашми мақомот хок мепошанд?
Нашрияи русизабони “Азия плюс” дар шумораи рӯзи 25 май фаъолияти терминлаҳои мусофирбарӣ дар гӯшаҳои шаҳри Душанберо таҳлилу баррасӣ кардааст. Барои мисол хабарнигори матлаб фаъолияти терминали “Чорбоғ”-ро таҳлил карда, навиштааст, ки ронандагони мусофиркаш аз камбуди мусофир шикоят мекунанд. Ронадагон дар суҳбат бо муаллиф гила кардаанд, ки мусофиркашҳои ғайрирасмӣ мусофиронро аз маҳаллаи маъруф бо номи “Водонасос” савор карда, мардум ба терминали “Чорбоғ” намеоянд.
Муаллиф таъкид кардааст, ки ҳолати мушобеҳ дар терминали шарқии “Шарқ транс” ва терминали ҷанубӣ низ ба назар мерасад. Яъне аксари мусофиронро таксиҳои ғайрирасмӣ аз роҳ савор карда, мардум хеле кам ба терминалҳои расмӣ меоянд.
Нашрияи “Азия плюс” дар матлаби дигари ин шумораи худ номгӯи молу маҳсулоти ватаниро номбар кардааст, ки дар бозори дохилӣ рақобатпазир шуда, мардуми кишвар зимни харидорӣ ба онҳо авлавият медиҳанд. Дар ин замина таъкид мешавад, ки айни замон бархе маҳсулоти сохтмонӣ, назири семент, гипсокартон, лӯлаҳои пластикӣ, анвои мех, симу кабели барқ, дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии истеҳсоли Тоҷикистон дар бозор ҷойгоҳи худро пайдо карда, дар баробари маҳслуоти воридотӣ рақобатпазир ҳастанд.
Инчунин муаллиф аз маҳсулоти ширӣ, обҳои минералӣ ва сабзавоту меваи Тоҷикистон низ ном бурдааст, ки мардуми кишвар онҳоро ба хубӣ харидорӣ мекунанд.
Зиёратшои Аҳмадшо
радиои “Тоҷикистон”