Рақибони тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 муайян гардид

Тими мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024, дар гурӯҳи «I» бозӣ мекунад.

Дар ин гурӯҳ рақибони тими ҷавонони кишвар мунтахабҳои Австралия, Лаос ва Кореяи Шимолӣ ба ҳисоб меравад. Марҳилаи интихобӣ дар ин гурӯҳ аз 6-ум то 12-уми сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 43-даста ба 11-гурӯҳ тақсим шуд. Ғолибони гурӯҳ ва инчунин 4-дастаи беҳтарини ҷойи дуюмро ишғолкарда ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2024, ки соли оянда дар Қатар баргузор мешавад, роҳхат мегиранд.