МАКТАБИ СИЁСИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН МАКТАБИ САДОҚАТ БА МИЛЛАТ АСТ

Дар ҳақиқат, қавми ориёӣ се ҳазор сол қабл дорои анъанаҳои давлатсозию давлатдорӣ буд ва метавон аз давлатҳои зиёди хурду калон, ки дар қаламрави тамаддуни ориёӣ вуҷуд доштанд, ёдовар шуд. Масалан, яке аз аввалин давлати умумиориёии Ҳахоманишиён, ки дар сарчашмаи давлатдории он Куруши Кабир меистод, империяи бузурге буд, ки тамоми қавмҳои ориёиро ба ҳам оварда, аз намунаҳои беҳтарини давлатдории ҳамон давра ба ҳисоб меравад. Нахустин Эъломияи ҳуқуқи башар, ки таърихи 2500-сола дорад, маҳз таҳти роҳбарии Куруши Кабир таҳия ва интишор гардид.

Таваҷҷуҳ кунед, ки дар Эъломияи мазкур чӣ омадааст: “Ҳар кас озод аст, ҳар дину ойинро, ки майл дорад, баргузинад ва дар ҳар ҷо, ки мехоҳад, сукунат намояд. Ва ҳар касбу кореро, ки мехоҳад, интихоб намояд, танҳо ба шарте ки ҳаққи касеро поймол накунад ва зараре ба ҳуқуқи дигарон нарасонад››. Ба назар чунин мерасад, ки санадҳои ҳуқуқии байналмилалии кунунӣ маҳз аз Эъломияи Куруши Кабир ва нуктаҳои дар он дарҷгардида маншаъ гирифтаанд. Минбаъд ҳам, ҳар як низоми давлатдории миллии мо ҳам дар давраи Саффориёну Тоҳириён ва ҳам даврони гулгулшукуфоии Сомониён ба хазинаи назария ва амалияи давлатдории умумибашарӣ неъматҳои бебаҳо ворид намуданд. Мутаассифона, охири асри Х аҷдодони мо қурбони дасисаву бозиҳои ноҷавонмардонаи аҷнабиён ва хиёнати дарбориён гардида, зимоми давлатдориро аз даст доданд. Аммо маҳз андеша, тафаккур ва шуури миллӣ, ки дар сиёсат, иқтисод, илм ва фарҳанг таҷассуми худро меёбад ва ядрои он дар ботини миллат сиришта мегардад, имконият фароҳам овард, ки бо вуҷуди аз даст додани зимоми давлатдорӣ забон, фарҳанг, урфу одат, анъана, арзишу эътиқоди созандаи миллат омилҳое буданд, ки аҷдодони мо тавассути онҳо дар қаламрави бузурги қораи Осиё истиқлолияти тамаддунӣ ва фарҳангии худро то асри ХХ нигоҳ доштанд. Дар ибтидои асри ХХ ҳам тоҷикон ба мухолифату муқобилияти шадиди ҷараёнҳои миллатгарою нажодпараст ва иртиҷоии динӣ, ки мехостанд мавҷудияти миллати бузурге ба номи тоҷикро дар Осиёи Миёна инкор созанд, рӯ ба рӯ шуданд. Вале бо вуҷуди ин, ба шарофати муборизаҳои шадиди қаҳрамонони миллат Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва садҳо миллатдӯстони бомаърифат Тоҷикистон мақоми ҷумҳуриро касб намуд.

Дар арафаи қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати неруҳои миллатдӯсту ватанпараст ба забони миллиамон мақоми давлатӣ дода шуд. Аммо, мутаассифона, баъзе неруҳои дохилию хориҷӣ ҷиҳати роҳандозии манфиатҳои муғризонаи худ аз ин суиистифода карда, маҷрои ҳаракати озодихоҳиро ба самти низоъ равона намуда, дар як муддати кӯтоҳ ҷанги фарогири таҳмилиро роҳандозӣ сохтанд.

Махсусан, дахолати баъзе ходимони дин ба фаъолияти сиёсию идории давлат ва бо эҳсоси динии мардум бозӣ кардану иҷозати амал барои ҳизби характери динидошта боиси бархӯрдҳои ҷиддӣ аввал, дар сатҳи низоми идорӣ ва баъдан, дар дохили ҷомеа гардиданд. Дар ҳамин ҳол, Тоҷикистон ҳам чун дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд. Азбаски шуравӣ дар ҳоли пошхӯрӣ қарор дошт, аз Москва ҳам мухолифати чашмрасе ба мушоҳида нарасид. Истиқлолиятро Тоҷикистон ба осонӣ ба даст овард, вале дар ҳифзи он мушкилиҳо пеш омаданд. Дар ин давра дар мамлакат сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида, гуруснагиву нодорӣ, дар ин замина норозигиҳо доман паҳн карданд. Дар ҷумҳурӣ шахсияте, ки метавонист ҷомеаро дар гирди сиёсату андешаи худ муттаҳид созад, ёфт намешуд. Роҳбарони давлат ва дигар сохторҳои калидии давлатӣ зуд-зуд иваз мешуданд. Аммо ҳол беҳ не, балки бадтар шуд. Дар мамлакат оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ доман паҳн кард, ки он қариб тамоми кишварро фаро гирифт. Алангаи он боиси ҳалокати ҳазорҳо нафар фарзандон ва гуреза шудани зиёда аз як миллиону панҷсад ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон гардида, хисороти зиёди моддию молиявӣ ба бор овард. Ягона ниҳоди ҳокимият, ки он вақт фаъолият дошт, Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Аммо ба сабаби ташаннуҷи вазъият дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, ки касе кафолати амнияти вакилони мардумиро дода наметавонист, гузарондани иҷлосияи он ғайриимкон шуд. Аз ин рӯ, Иҷлосияи XVI таърихию тақдирсози Шурои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид ва дар асоси қарорҳои муҳими қабулнамудаи он Ҳукумати конститутсионӣ интихоб ва шохаҳои ҳокимият барқарор шуданд.

Дар ҳамин Иҷлосия вакилони мардумӣ нафареро роҳбари кишвар интихоб намуданд, ки даврон маҳз ба чунин шахсият ниёз дошт. Ҷавон, вале кордону ботаҷриба, ғаюр, вале ботадбир, нотарсу меҳнатқарин, аз ҳама муҳим ватандӯсти ҳақиқӣ. То ҳадде, ки борҳо ҷони ҷавони худро барои оромиву ободии кишвар ва осудагии мардумаш дар хатар гузошт. Дар назарияи сиёсӣ ҳамин гуна шахсиятҳоро сарвар ва пешво мегӯянд, ки бо маҷмуи хислатҳои махсуси худ дар ҷомеа ҳамто надоранд.

Инро мо имрӯз ҳам баръало мушоҳида мекунем, ки дар баъзе мамлакатҳо садсолаҳо чунин сарвари сиёсӣ ё пешвои миллӣ вуҷуд надорад, ки ҷомеаро ба ҳам оварда, ба роҳи созанда сафарбар намояд. Аммо ғайричашмдошт дар Тоҷикистон чунин шахс ёфт шуд, ки зимоми давлатдориро бо тамоми масъулияташ ба даст гирад. Ин кас Эмомалӣ Раҳмони ҳамагӣ 40-сола, вале дар кӯраи хизмати давлатӣ обутобёфта мебошад, ки нақши ӯ дар таърих, балки қисмати давлату миллат хеле бориз аст. На танҳо дар тасаввури мардуми одӣ, балки дар андешаи бештари нухбагони ондавраинаи Тоҷикистон намеғунҷид, ки Сарвари нави ҷавон қодир аст, давлатро роҳбарӣ карда, вазъиятро ба эътидол орад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо характери ҷавонмардона, хислати инсондӯстона, садоқат ба Ватану миллат, мавқеи устувор, ҷасорату иродаи қавии сиёсӣ ва идроки нозуки вазъият дар заминаи донишу таҷрибаи ҳаётӣ тавонистанд аз рӯзҳои нахустини ҳокимиятдорӣ мардуми Тоҷикистонро бовар кунонанд, ки интихоби роҳбари нав тасодуфӣ набуда, он зарурияти таърихӣ аст. Дар симои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлат Роҳбар ва миллат Пешворо ёфтанд, ки қавлашон бо амалашон тавъам мебошад.

“То охирин гурезаро ба Ватан барнагардонам, ҷонам ором намегирад”, – гуфтанд аз минбари Иҷлосияи XVI ва мардонавор ба қавлашон вафо карданд. Бо ин мақсад, ҷонашонро рӯйи каф гирифта, ҳатто, ба мамлакати ҷангзадаи Афғонистон рафтанд ва бо муҷоҳиддини афғон дар қароргоҳи ҷангиашон мулоқоти рӯ ба рӯ ва ошкоро доир намуданд. Ба ин ҷасорати Сарвари ҷавони кишварамон, ҳатто, мухолифин тан доданд.

Имрӯз сиёсатшиносон ва сиёсатмадорони барҷастаи сатҳи ҷаҳонӣ ба фаъолияти Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои сазовор дода, зикр менамоянд, ки тафаккури стратегӣ, сиёсати дурандешона, қобилияти хуби сари вақт дарк кардани моҳияти ҳаводиси бавуқуоянда ё, аллакай омада, садоқат ба рисолати амиқан даркшудаи таърихӣ ва ҷасорату иродаи қавии Президенти кишварамон таҳкурсии давлатро мустаҳкам, суботи ҷомеаро таъмин, самти рушдро муайян намуд ва дар арсаи байналмилалӣ мақому ҷойгоҳи миллату давлатро дарёфт ва таҳким бахшид. Заҳмату саҳми Пешвои миллатро, на танҳо дар ҷодаи сиёсати дохилӣ, балки дипломатияи байналмилалӣ низ, шахсиятҳои барҷастаи сатҳи ҷаҳонии сиёсӣ тавсиф кардаанд. Масалан, Президенти Россия Владимир Путин сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатамонро барои бисёре аз халқҳо ва кишварҳои олам намунаи ибрат арзёбӣ намуда, Ҷорҷ Буш, собиқ Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, аз сулҳофарии Эмомалӣ Раҳмон тавсиф карда, ӯро дар арсаи ҷаҳон аз ҷумлаи сиёсатмадорони ангуштшумор медонист.

Тоҷикистонро имрӯз аксарияти мамолики дунё ба расмият мешиносанд ва ба Сарвари он чун сиёсатмадори барҷастаи сатҳи байналмилалӣ арҷ мегузоранд. Бо қабул гардидани Конститутсияи ҷумҳурӣ рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, муайян сохтани сохти давлатдорӣ, шакли идоракунӣ, таъсиси рукну ниҳодҳои муҳими давлатдорӣ, аз ҷумла Маҷлиси Олии дупалата, Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар ҷанбаҳои давлатдорӣ, Ҳукумати конститутсионӣ дар кишвар барқарору ҳадафу вазифаҳо муайян гардиданд ва бояд иқрор шуд, ки ин раванд осону ҳамвор набуд. Роҳбари давлат дар асоси омӯзиши мӯшикофона шахсиятҳоеро ба Ҳукумати нав ҷалб намуд, ки воқеан, ҳирфаӣ буданд ва, муҳимтар аз ин, аз принсипҳои давлатдории навин – ягонагии давлат, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявияти он ҳимоят менамуданд.

Дар доираи чор ҳадафи стратегӣ Тоҷикистон тавонист дар муддати кӯтоҳ бо суръати баланд рушд карда, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо ёбад, истиқлолияти энергетикиро таъмин намуда, дар самти амнияти озуқаворӣ пешравиҳои назаррасро ба даст орад. Дар заминаи бунёди иншооти саноатӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, ҳадафи чоруми стратегӣ – саноаткунонии кишвар зина ба зина амалӣ мешавад. Соҳаҳои маориф, тандуруcтӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, варзиш ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат ба дастовардҳои бесобиқа ноил гаштанд. Кифоя аст, ки аз сохтмони чанд иншооти муҳиму бузург, яъне Неругоҳи барқи обии “Роғун”, нақбҳои “Истиқлол”-у “Хатлон” ва “Шаҳристон” ёдовар шавем. Дар ин давра дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ пешравиҳои зиёде рӯйи кор омаданд. Бо дастур, дастгирӣ ва иштироки Сарвари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи марти соли 1994 дар ноҳияи Шуғнон агрегати якуми Неругоҳи барқи обии “Помир-1” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ин на танҳо дар беҳбуд бахшидани сатҳи некуаҳволии мардум саҳми бориз гузошт, балки дар миқёси мамлакат он замон ҳам як рӯйдоди таърихӣ маҳсуб меёфт, зеро НБО “Помир-1” аввалин иншооти саноатии нисбатан калон дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, вале ҳанӯз печидаи ҷанги шаҳрвандӣ маҳсуб мешуд. Сохта, мавриди истифода қарор гирифтани шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Кулма вилоятро на танҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ баровард, балки Бадахшонро ба минтақаи трансконтненталӣ табдил дод. Дар давоми сӣ соли истиқлолият дар вилоят даҳҳо иншооти саноатӣ, иҷтимоӣ бунёд ёфта, сатҳи некуаҳволии мардум хеле пеш рафт. Дар сохтмони ҳамаи ин иншоотҳо саҳми Президенти кишвар, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хеле калон аст. Дар ин давра Роҳбари давлат беш аз 50 маротиба ба шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои вилоят сафари корӣ анҷом дода, дар бунёди чандин иншооти муҳим хишти аввал гузошта, як қатор иншоотро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Ин аст, ки ҳар як сафари Ҷаноби Олиро ба шаҳру деҳоти вилоят шаҳрвандон бо беқарорӣ интизор мешаванд ва тамоми пешрафти вилоятро ба номи ин абармарди сиёсӣ марбут медонанд.

Маҳз сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлатамон аст, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз ҳамчун ҷузъи муҳими таркибии низоми сиёсии на танҳо минтақавӣ, балки ҷаҳонӣ дар ҳалли мушкилоти мухталиф нақши босазо дошта, узви фаъоли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони ҳамкории Исломӣ ва чандин сохторҳои ҳамкориҳои бисёрҷонибаи байналмилаливу минтақавии дигар мебошад. Он ҳамчун узви зиёда аз 80 созмони бонуфузи байналмилалию минтақавӣ бо ташаббусҳои созандааш баромад мекунад. Ташаббуси оқилонаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаҳои об дар сартосари ҷаҳон ҳамовозии амиқ пайдо намуда, дар асоси он стратегияю барномаҳои гуногун қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Рушди бесобиқаи илму маориф, фарҳанг, тандурустӣ, саноату кишоварзӣ, роҳу нақлиёт ва дигар соҳаҳои хоҷагӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ, рушди забони давлатӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, боло рафтани мақому мартабаи Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир дар солҳои истиқлолият далели раднопазири онанд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам дар сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷӣ роҳи дуруст, стратегияи дурандешонаро пеш гирифтааст. Имрӯз Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна эътироф менамоянд. Аз ҷониби давлат эълон гардидани сиёсати “дарҳои кушода” шароит фароҳам овард, то давлатҳо, ташкилотҳои бонуфузи гуногунсамтаи сатҳи ҷаҳонӣ, ширкатҳои бузург ва дигар иттиҳодияҳои байналмилалӣ бо Тоҷикистон шартномаҳои ҳамкорӣ баста, бо ба инобат гирифтани манфиатҳои тарафайн аз ин ҳамкориҳо баҳра бардоранд.

Хулоса, таҳти роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи сарбаланди тоҷик тавонист, дар муддати кӯтоҳтарини таърихӣ аз имтиҳони ҷиддии таърих бори дигар бо сари баланд гузашта, давлату марзу бум, ҳувияти миллӣ ва тамоми дастовардҳои тамаддунию фарҳангии онро ҳифз ва ҷойгоҳи сазоворро дар арсаи байналмилалӣ дарёфт намояд

Мирзонабот Алишер ХУДОБЕРДӢ,

раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Манбаъ: Рӯзномаи “Ҷумҳурият