10 майи соли 2023 вохӯрии Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо Ҳокими вилояти Павлодар Байханов Асаин баргузор гашт.
Тавре аз Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон хабар доданд, дар рафти суҳбат доираи васеи масъалаҳои робитаҳои дуҷониба, аз ҷумла густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ, инчунин ба роҳ мондани воридоти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба вилояти Павлодар баррасӣ карда шуданд.