Имрӯз дар асоси нақша- чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши касбу ҳунар миёни ҷавондухтарони ҳудуди ноҳия бахшида ба «Рӯзи байналмиллалии оила» оғоз гардид. Дар ин бора Кумитаи иҷроияи ҲХДТ хабар медиҳад.
Ҷавондухтарони хонашини ноҳия ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб гардида, ба онҳо омӯхтани ҳунарҳои қанодӣ, дӯзандагӣ, ороиши мӯй ва копмютерӣ аз ҷониби омӯзгорони ботаҷриба омӯзонида шуд. Дар оғоз, аз ҷониби масъулин қайд гардид, ки ҳунар беҳтарин ганҷина ва гиреҳкушои тамоми мушкилоти ҳар як инсон ба ҳисоб меравад, чунки касбу ҳунар инсонро неруи тавоно бахшида, дар зиндагӣ қувваи пешбар ба шумор меравад. Хирадмандон ва бузургони мо ҳамаҷо ситоиши ҳунар мекунанд ва онро беҳтарин омили инсонӣ фармудаанд.
Иноятова Ширин,
Радиои Тоҷикистон