Имрӯз, 4-май дар шаҳри Доҳаи Қатар пешорӯи Чемпионати ҷаҳонии ҷудо Конгресси Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор гардид.
Тавре, ки Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад, дар ҷаласа намояндагони федератсияҳои миллии узви Федератсияи байналмилалии ҷудо иштирок намуданд.
Федератсияи ҷудои Тоҷикистонро дар ин Конгресс ноиби аввали президенти Федератсия Эргаш Маҳмадбеков намояндагӣ кард.
Дар ҷаласа, аз ҷумла намояндаи Британияи Кабир, хонум Лиза Аланс котиби генералии IJF интихоб шуд. Ӯ дар ин вазифа Лак Ҷан Лугеи фаронсавиро иваз намуд. Лиза Аланс то ин дам дар вазифаи директори Департаменти мусобиқоти IJF фаъолият мекард.
Носир Ал-Тамимӣ аз кишвари Аморати Муттаҳидаи Араб дигарбора хазинадории генералии IJF интихоб шуд.
Инчунин иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои рушди ҷудоро дар ҷаҳон баррасӣ карданд.