Имрӯз дар театри таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода намоишномаи “Дод аз дасти Афандӣ” ба саҳна гузошта шуд. Ин намоишнома аз ҷониби хатмкунандагони донишкадаи мазкур зери роҳбарии устодонашон таҳия гардида аст.
Дар тамошои намоишнома муовини аввали вазири фарҳанг Обидҷон Наззариён, ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат Муҳриддин Низомиддин, устодон ва донишҷӯёни донишкада ширкат намуданд. Намоишнома аз рӯи асари Ғаюр Ашӯров гирифта шуда, бо коргардонии ҳунарманди шинохтаи кишвар, Тағоймурод Розиқов ва Сомон Аминов таҳия гардидааст. Мазмуни асосии намоишномаро ҳаҷв ташкил дода, ҳадафи асосии он хандонидани бинандагон мебошад. Ба қавли Муҳриддин Низомиддин ректори Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, намоишномаи “Дод аз дасти Афандӣ” ҳамчун кори дипломии хатмкунандагони ин донишкада рӯи саҳна гузошта шудааст.
Бояд гуфт, ки ҳунармандони намоишномаи “Дод аз дасти Афандӣ” ба ҷавонии худ нигоҳ накарда, нақши одамони калонро иҷро мекарданд, ки ин барои тамошобин хело ҷолиб буд. Тавре Рустам Воҳидов мудири кафедраи “Коргардонҳо” – и Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мегӯяд, ба ғайр аз намоишномаи “Дод аз дасти Афандӣ” боз донишҷӯёни ин донишкада боз се намоишномаи дигарро ҳам таҳия намудаанд, ки ин аз истеъдоди баланд доштани онҳо дарак медиҳад.
Зиёдаи Қудратулло донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баъд аз тамошои намоишнома зимни суҳбат ба мо гуфт, ки дар намоишномаи “Дод аз дасти Афандӣ” гарчанде, ки ҳунармандон дар сатҳи олӣ нақшофарӣ намуданд, инчунин он аз баъзе камбудиҳо орӣ набуд. Чунки дар он риоя гардидани меъёрҳои ахлоқӣ камтар дида мешуд. Албата ҳаҷв хуб аст ва на ҳар ҳунарманд аз уҳдаи офаридани чунин нақшҳо мебарояд, вале ҳаҷв ҳам санъати истифодабарии худро дорад, ки дар ин намоишнома он риоя нагардид.
Маврид ба зикр аст, ки намоишномаи “Дод аз дасти Афандӣ” дар доираи фестивал – озмуни театрҳои касбӣ “Парасту” намоиш дода шуда бошад ҳам он ба доираи намоишномаҳои озмун дохил намешавад. Зеро намоишнома аз номи театри таълимии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода баромад менамояд, ки он театри касбӣ ба ҳисоб намеравад.
Сарвинози Сайдалӣ,
Радиои Тоҷикистон