Аз 1 апрели соли 2023 Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» оғоз гардида, инак, даври дуюми он дар маркази вилоятҳо баргузор шуда истодааст.
Таврез аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги мамлакат хабар доданд, 24 апрели соли 2023 дар кохи фарҳангии «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» баргузор шуд, ки дар он ансамблҳои оилавӣ аз шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом, Мастчоҳ, Ҷаббор Расулов ва Ашт иштирок намуданд.
27 апрел дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври дуюми фестивал баргузор гардида,
28 апрел дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври дуюми фестивал баргузор шуд.
Фестивал аз рӯйи бахшҳои намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ, навозиши умумӣ, суруди якка, бадеҳа ё лапар, намоиши либосҳои миллӣ, навозиши якка, рақси якка, саҳначаи ҳаҷвӣ, суруди анъанавӣ ва суруди умумӣ баргузор шуд.
Иштирокчиён маҳорати баланди ҳунарии хешро нишон дода, аз ҷониби ҳайати ҳакамон баҳогузорӣ карда шуданд.
2 май дар ноҳияи Нуробод даври дуюми фестивал бо иштироки ансамбли оилавии Обидовҳо баргузор шуд.
3 май бошад дар шаҳри Роғун даври дуюми фестивал бо иштироки ансамбли оилавии Раҳимовҳо баргузор гардид.
Қобили зикр аст, ки ҳадаф аз баргузории он рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчи бештари мардум ба фарҳангу ҳунар, баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи комили ҷавонону наврасон, эҳсоси ватандӯстиву фарҳангпарварӣ, зебоипарастию эҷодкорӣ дар байни онҳо мебошад.
Даври ниҳоии фестивал моҳи май дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, ки аз минтақаҳои кишвар дар маҷмӯъ 8 ансамбли оилавӣ аз рӯи 14 бахш иштирок хоҳанд кард.