25 апрели соли 2023 дар Остона даври навбатии машваратҳои сиёсӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон доир гардид. Ҳайатҳоро муовинони вазирони корҳои хориҷии ду кишвар Содиқ Имомӣ ва Ермухамбет Конуспаев роҳбарӣ карданд.
Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро мавриди баррасии амиқ қарор дода, атрофи ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва масоили амнияти минтақавӣ табодули афкор карданд.
Ба иттилои манбаъ, таваҷҷуҳи махсус ба омода кардани сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, ки 3-4 майи соли 2023 ба нақша гирифта шудааст, зоҳир гардид.