Мизбони Ҷоми ҷаҳон-2023 миёни мунтахабҳои то 20-сола муайян гардид

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) эълон намуд, ки Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни наврасони то 20-сола дар Аргентина баргузор мешавад. Зеро хонаи қаҳрамонҳои ҷаҳон дарҳои худро ба рӯи ситораҳои фардои футболи ҷаҳон боз кард.

Ҷоми ҷаҳонии то 20-сола дар талошҳои ФИФА дар пешбурди футболи наврасон дар саросари ҷаҳон нақши калидӣ мебозад.

Дар ин мусобиқа аз соли 1977 инҷониб баъзе аз бузургтарин бозингарони даҳсолаҳои охир, аз ҷумла Диего Армандо Марадона, Лионел Месси, Пол Погба, Эрлинг Ҳоланд ва бисёр ситораҳо дигар иштирок намудаанд.

Гузаронидани мусобиқаи имсола дар кишваре, ки футбол зиндагӣ ва нафас мегирад, барои ситораҳои фардо илҳомбахши бузург хоҳад буд.