Рӯзи 11-апрел дар варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор, даври аввали интихобии мусобиқаи футболи бонувон дар Бозиҳои олимпии соли 2024 дар гурӯҳи «Е» ба анҷом расид. Дар натиҷа, тими занонаи Филиппин ба марҳилаи навбатии мусобиқот роҳ ёфт.
Мунтахаби Тоҷикистон бо се шикаст аз Ҳонконг (3:0), Филиппин (8:0) ва Покистон (1:0) мусобиқаи даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти футбол миёни бонувон барои Бозиҳои Олимпии Париж 2024-ро дар гурӯҳи «Е» ба анҷом расонид.
Ҳамин тариқ даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқаи футболи бонувон барои бозиҳои олимпӣ-2024 дар шаҳри Ҳисор ба анҷом расид.
Сорбон Амонуллозода
радиои “Тоҷикистон”