БОЗИИ СУПЕРҶОМИ ТОҶИКИСТОН-2023 ДАР ҲИСОР ДОИР МЕШАВАД

Бо қарори Бюрои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон макони баргузории бозӣ барои 1XBet-Суперҷоми Тоҷикистон-2023 байни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб аз Хуҷанд ба Ҳисор иваз карда шуд.

Сабаби кӯчонидани бозӣ барои Суперҷоми кишвар омода набудани чамани варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон» мебошад. Варзишгоҳи марказии Ҳисор макони нави баргузории бозӣ интихоб шуд. Вохӯрӣ миёни бошгоҳҳои «Истиқлол»-и пойтахт ва «Равшан»-и Кӯлоб рӯзи 6 май баргузор шуда, соати 18:00 оғоз мегардад.

манбаъ: сомонаи ФФТ