Имрӯз Ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор шуда, дар ҷаласа чор масъала баррасӣ гардид.
Дар баррасии масъалаи аввал, дар хусуси Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо бемории сил буд. Доир ба ин масъала муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирзода Абдухолиқ баромад намуда, таъкид дошт, ки дар натиҷаи муҳоҷирати меҳнатӣ шумораи гирифторони бемории сил бештар гардидааст ва татбиқи Созишнома имкон медиҳад, то қадами устуворе дар пешгирии ин беморӣ дар қаламрави ду кишвар гузошта шавад. Вакилони мардумӣ Ашӯрзода Гулбаҳор ва Гавҳар Шарофзода дар ин маврид суханронӣ намуданд.
Созишномаи грантӣ байни Бонки Миллии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи “Дастгирии узвияти БМТ дар Алянс барои фарогирии молиявӣ” масъалаи дигаре буд, ки баррасии шуд. Оид ба ин масъала муовини раиси БМТ Гулбаҳор Назирӣ ва вакили мардумӣ Сурайё Дӯстмуродзода баромад намуда, таъкид доштанд ки маблағи грантӣ 90 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад ва барои саводнокии молиявии занону бонувон равона карда мешавад, зеро сол ба сол хизматрасониҳои молиявӣ бештар мешаванд ва бояд Стратегияи фарогирии молиявӣ татбиқ гардад. Ин маблағ ба ин самт равона карда мешавад.
Масъалаҳои дигар ин дар хусуси Протокол оид ба қатъи амали Протоколи байни ҳукуматҳои давлатҳои иштирокчии ИДМ дар бораи мутобиқгардонии корбурд ва бастани созишномаҳо доир ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата аз даромад ва моликият аз 15 майи соли 1992 ва ҳамчунин масъалаи охире, ки вакилони Маҷлиси намояндагон баррасӣ намуданд ин Ёддошти тафоҳум байни Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокуратураи генералии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат бо терроризм, маблағгузории он, қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва ҷиноятҳои асосии алоқаманд ба он буданд.