Имрӯз ҳайати расмии Парлумони Тоҷикистон, ки ба он аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон шомил мебошанд, таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ), ҷаласаи пленарии 55-уми АБ ИДМ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия сафар намуд. Хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар баробари дигар вакилони парламентҳои давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бештар масъалаҳоеро муҳокима менамоянд, ки аксари онҳо ба масъалаҳои ҷустуҷӯи роҳҳои вусъат бахшидан ба равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф ва сиёсӣ дар байни давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бахшида шудаанд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон