Нигинаи Ризвон ва Сурайёи Шуҷоат ҳангоми баррасии номаҳои гурезагон аз Афғонистон
Барои таърих 30 сол муддати зиёд нест, аммо 30 сол пеш дар фазои иттиллотии Точ,икистон, аниқтараш аз тариқи радиои Тоҷикистон барномае бо номи “Хоки Ватан” пахш гардид. Он замон масъулини ин барнома фикр намекарданд, ки ин барнома машҳуртарин барномаи радиоӣ гардида, падидае дар фазои иттилотиву барномасозӣ мешавад.
Масъулинаш на пайи шуҳрат, балки пайи иҷрои вазифаи наздашон гузошташуда – ҳамовозӣ, тарғибу ташвиқ ва саҳмгузорӣ дар амалишавии сиёсати сулҳофари Сарвари ҷавони давлат Эмомалӣ Раҳмон буданд. Ва ин барнома аз чанд паҳлу мондагор гардиду масъулинаш хидмати таърихиеро ба ҷо оварданд. Барномаи “Хоки Ватан” дар он солҳо на танҳо пуле миёни муҳоҷирони иҷбориву пайвандонашон буд, балки паёмовари сулҳу ваҳдат, ҳамдилии мардуми ғариб бо сиёсати Ҳукумат, хоса Эмомалӣ Раҳмони сулҳсозу сулҳафкор гардид. Бо вижагиҳои барномасозӣ, фарогирии мавзуъ, услубу шеваи баён ва додани имкон ба мардум барои изҳори афкору даъвати пайвандон ин барнома нақши муҳиму созандае дар фазои иттиллоотии мамлакат бозид. Ин барномаро борҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониву мулоқотҳояшон таъкид кардаанд.
Дар бораи нақш, махсусияти жанриву мавзуии ин барнома муҳаққиқону коршиносон, аз ҷумла академик Раҷаб Амонов, Иброҳим Усмонов, Гавҳар Умарова, Абдурашид Ализода, Саидмурод Хоҷазод ва дигарон андешаҳои гуногунсамт баён доштаанд. Инчунин чанде масъулини худи барнома, ба монанди Амонқул Одилов, Раҷабалӣ Қудратов, Хайрулло Иброҳимов, Шералӣ Мустафоқулов, Бобо Бекмуродов, Сафаралӣ Нозимов, Хушбахт Беков, Карим Мӯсо, Абдуғаффори Убайдулло, Шарифи Мисайзод ва дигарон дар суҳбату мусоҳибаҳояшон, ки тариқи воситаҳои ахбори омма пахшу нашр шудаанд, роҷеъ ба ташаббускорон, масъулин, иштирокчиёни барнома, таъсири барнома ба фазои он рӯзаи мамлакат, нақши барнома дар баргардонидани муҳоҷирони иҷборӣ ва ғайра андешаҳои ҷолиберо баён кардаанд.
Муҳаққиқи таърихи радиои Тоҷикистон Саидмурод Хоҷазод, барномаи “Хоки Ватан” аз соли 1993 то охири соли 1996 беш аз 800 маротиба садо додааст ва беш аз 60 ҳазор нафар аз Тоҷикистон ба пайвандони худ муроҷиат намуда, зиёда аз 50 ҳазор нафар аз Афғонистон номаву паём фиристодаанд. Ҳеҷ барномаи дигаре дар таърихи радио чунин имкониятро барои баёни андешаву дархост ба мардум надодааст. Ҳамаи ин мавод таҳлилу таҳқиқи алоҳидаро талаб мекунад. Ва ҳанӯз ҳам барномаи “Хоки Ватан” паҳлуҳое дорад, ки барои таҳқиқи мукаммал мавод медиҳанд. Ҳадафи маърузаи мо танҳо як ҷузъе аз ин паҳлуҳо – нақши бонувон – кормандони эҷодиву техникии радио дар омодасозиву таҳия, банду баст ва пахши ин барнома бахшида шудааст.
Бо таъкиди шоҳидони он рӯзгор дар таҳиву омодасозии барномаи “Хоки Ватан” дар баробари мардон як зумра бонувон низ ба сифати муаллифу муҳаррир, коргардону танзимгари овоз саҳм гузоштаанд. Қисме аз онҳоро муҳаққиқ ва собиқадор Гавҳар Умарова зикр кардааст, ки инҳо Муҳаррама Юсуфова, Сурайёи Шуҷоат, Ҳалима Насибуллина, Муқаддас Расулова, Маърифат Холиқова, Азизгул Юсуфова ва дигарон мебошанд. Ҳар яке барои сари вақт омодаву пахш шудани барномаи мазкур заҳмати шабонарӯзӣ кашидаанд. Хушбахтона, имрӯз дар байни мо шоҳид, яке аз масъулини ин барнома Нигинаи Ризвон фаъолият дорад. Хотираҳои ин бонуи ҳамкорамон гувоҳи он ҳастанд, ки таҳияву омодасозии барнома осону сода набудааст. Бино ба андешаҳои Нигинаи Ризвон, ки чанде пеш аз тариқи барномаи “Нигоҳи нав” садо доданд, “Шумораи аввалини барнома 29-уми марти 1993, яъне 30 сол пеш рӯи мавҷ омад. Ҳадафи асоосии он ба Ватан боз гардонидани фирориёни иҷборӣ буд. Ман, ки он солхо дар шуъбаи мактубҳо ҳамроҳи мудири шуъба Сафаралии Нозим ва Сурайё Шуҷоат кор мекардам. Хуб дар ёд дорам ки аз Афғонистон даста-даста мактубҳо меомаданд, мо онҳоро дастабандӣ карда ба идораҳо тақсим мекардем. Он замон роҳбари хайати таҳияи барнома Амонқул Одилов буд.
Баъди зиёд щудани шумораи мактубҳо Директори онвактаи радио Мансур Султонов супориш доданд, ки барномаи “Хоки Ватан” аз тамоми идораҳои радио таҳия ва пахш гардад. Ҳамин тавр ин барнома баъди чанд вакт ҳар рӯз 2 маротиба – ҳам саҳар ва ҳам баъди зуҳр садо медод.”
Таъсири барнома чунон зиёд буд ки ҳазорҳо шахсони ниёзманд онҳое ки пайвандони худро гум карда буданд, барои муроҷиат ба радио меомаданд. Дар атрофи бинои радио одами зиёде ҷамъ меомад. Мо садои онҳоро сабт карда пахш мекардем. Бо гузашти вакт пайвандони онҳо аз Афғонистон унвонии барномаи “Хоки Ватан” нома фиристода, аз худ дарак медоданд. Барномаи як пули иртибот байни гурезагон ва пайвандони онҳо буд.
Ҳатто бонувон – масъулини барномаи “Хоки Ватан” барои таҳияи барнома дар ҳайати ҳукуматӣ барои даъвати паноҳандагон ба хориҷи кишвар рафтааст. Яъне бонувон низ чун мардон аз мушкилот наҳаросида, сафар мекарданд то барнома шуниданӣ таҳия шавад. Аз ҷумла, Нигинаи Ризвон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркманистон, Аморати муттаҳидаи Араб, шаҳри Москваи Федератсияи Россия сафар намуда, аз ҳаёти фирориёни овақта барномаҳо омода намудааст.
Ба ин монанд, бонувони дигар низ дар иҷрои вазифаҳои наздашон гузошташуда бо сарбаландӣ баромадаанд. Қисме аз ин бонувон имрӯз дар ҳаёт нестанд, аммо зарур аст, ки аз бойгонӣ ва аз онҳое, ки имрӯз ҳастанд, мавзуи мазкурро пурратар таҳлилу таҳқиқ намоем.
Дар мисоли рӯй овардан ба таҳлилу таҳқиқи барномаи “Хоки Ватан” мо барои худ ва насли нав сабақ медиҳем. Сабақи ба қадри сулҳу субот, оромиву осудагӣ ва хидматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расидан. Сабақи ватандориву ватанпарастӣ, сабақи соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ.
Гулрухсор РАҲИМОВА,
муовини директори радиои Тоҷикистон