Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзӯи “Таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо иштироки намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ, Маҷлиси намояндагони маҷлиси Олии ҶТ, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Кумитаи телевизион ва радиоӣ, ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии Ташаббуси волидони кӯдакони дорои аутизм “Ирода” ва дигар ташкилоту идораҳои дахлдор, баргузор гардида истодааст.
Дар нишаст гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президени кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста нисбати шахсони имконияташон маҳдуд ғамхорӣ зоҳир менамоянд ва ба онҳо кӯмакҳои иҷтимоию иқтисодӣ мерасонанд.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки таълиму омӯзиш раванди ҷудонашавандаи ҷомеа мебошад ва ҳар як инсон ҳуқуқ дорад, ки новобаста ба имкониятҳои маҳдуд доштанаш, ба таҳсил фаро гирифта шавад.
Сарвинози Сайдалӣ
радиои “Тоҷикистон”