15 марти соли 2023 мулоқоти муштараки сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Қосимӣ ва Подшоҳии Нидерланд Ҳон Мавритс Схобфилд дар Ҷумҳурии Арабии Миср бо вазири захираҳои обӣ ва обёрии Ҷумҳурии Арабии Миср Ҳонӣ Сувайлам баргузор гардидааст.
Тавре Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, дар вохӯрӣ Конфронси байналмилалии об, ки 22-24 марти соли 2023 дар шаҳри Ню-Йорк зери раёсати Тоҷикистон ва Нидерланд баргузор мегардад, инчунин масоили ҳамкорӣ дар соҳаи захираҳои обиву обёрӣ, истифодаи оқилонаи об ва андешидани тадбирҳои муштарак ва ҳамоҳангӣ дар доираи Эътилофи ҷаҳонии обу иқлим баррасӣ шуд.
Таъкид гардидааст, ки Тоҷикистону Миср ва Нидерланд бо назардошти таҷрибаи ғании худ дар масоили зикргардида метавонанд ба нафъи кишварҳои худ ва ҳамаи аҳолии ҷаҳон ҳамкории пурсамар дошта бошанд.