Дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотии фарҳанг ва иттилоотии кишвар ҳамоиши илмӣ – амалӣ бахшида ба эълон гардидани рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо доир гардида истодааст.
Дар ин ҳамоиш мутахассисони соҳа, устодони донишгоҳҳои кишвар ва роҳбарияту кормандони пажӯҳишгоҳ ширкат доранд. Тавре ҳамкорамон Парвина Самандарзода дар ин бора иттилоъ дод, дар ҳамоиш дар назар аст, ки се маърӯзаи таҳлилӣ роҷеъ ба норасоии об ва ҳифзи пиряхҳо ироа гардида, сипас мубодилаи афкор сурат мегирад.
Доир ба маърӯзаи аввал Насриддин Охунзода номзади илмҳои филологӣ суханронӣ намуда, дар бораи ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эътирофи ашхоси салоҳиятдори СММ, роҳҳои пешгирӣ ва дигар масъалаҳои ба он марбуд андешаҳояшро баён намуд.
Ҳамоиш идома дошта, тибқи рӯзнома дар охир саводу ҷавоб ва баррасии масъалаҳои мубрам дар назар аст.