Бо мақсади муайян намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ, ҳамасола аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ таҳқиқоти интихобии буҷети хонаводаҳо гузаронида мешавад.
Дар ин робита Агенти омор бо интишори як изҳорот хабар дода, ба маълумоти шаҳрвандон расонидааст, ки тибқи талаботи Кодекси андоз хонаводаҳо танҳо барои амвол ва замини наздиҳавлигии дар ихтиёрашонбуда андозбандӣ карда мешаванд.
Ҳамчунин манбаъ изофа мекунад, ки барои дигар молу амволи шахсии дар ихтиёрдошта, аз ҷумла ҳамагуна чорво (чорвои калони шохдор, қутосҳо, гӯсфанду буз, асп ва ғ.) ва парандаҳои дар моликияти шахсии хонаводабуда андозбандӣ карда намешаванд ва маълумотҳои мазкур танҳо бо мақсади таъмини шаффофияти маълумотҳои оморӣ ҷамъоварӣ карда мешаванд.