Дастаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар бозии аввали Ҷоми Осиё-2023 дар гурӯҳи «С» аз тими Урдун бо ҳисоби 0:2 ноком гардид. Голҳоро аз дастаи ғолиб Алӣ Ал-Азаиза ва Сайф Аддин Дарвеш ба самар расониданд.
Дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ ҷавонони то 20-солаи кишвар рӯзи 5-уми март бо ҳамсолони худ аз Уммон, ки дар бозии аввал аз тими Кореяи Ҷанубӣ бо ҳисоби 0:4 шикаст хӯрд, дидор анҷом медиҳад.
Ҷоми Осиё-2023 байни дастаҳои ҷавонон (U-20)
Гурӯҳи «С». Даври 1
Тоҷикистон – Урдун 0:2