Сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия ба Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳифаи наверо дар муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Россия боз намуд. Ба бовари коршиносон равобити ин ду кишвар дар сурати амалӣ шудани созишномаҳои дуҷониба метавонад ба сатҳи сифатан нав барояд. Доир ба самтҳои гуногуни муносибатҳои Тоҷикистону Россия мусоҳибаи Сармуҳаррири Идораи барномаҳои иттлоотии радиои Тоҷикистон Машраби Холмаҳмад бо атташеи Раёсати кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиза Набизода пешкаш мегардад.
Маълумот оид ба муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия
Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 8 апрели соли 1992 барқарор шудаанд. Заминаи аввали рушди равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россияро Протокол оид ба истиқрори муносибатҳои дипломатӣ байни ду кишвар аз 8 апрели 1992 ташкил медиҳад.
Дар таҳкиму тақвияти робитаҳои шарикӣ, густариш ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба, Сарони ду кишвар нақши асосӣ доранд, ки ба шарофати вохӯриҳо ва тамосҳои дуҷонибаи сатҳи олӣ, ҳамкориҳои дуҷониба мақоми хосси шарокати стратегиро касб кардаанд. Равобити сиёсӣ дар сатҳи олӣ ва баланд ба таври мунтазам роҳандозӣ мегардад.
Қобили зикр аст, ки 8 апрели соли 2022, 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни ду кишвар дар сатҳи баланд таҷлил гардид ва ба муносибати ин сана як қатор чорабиниҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия таҷлил гардиданд.
Чӣ тавре, ки Шумо иттилоъ доред айни замон Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия М. Мишустин бо сафари корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ки он низ ба рушди муносибатҳои кишварҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ такони тоза хоҳад бахшид ва дар ҳошияи сафари мазкур дирӯз Нуҳумин Конфронси ҳамкориҳои байниминтақавӣ доир гардид, ки дар он ашхоси расмии он кишвар, роҳбарони вилоятҳо ва ширкатҳои номдор иштирок намуданд, ки аз натиҷаи он санадҳои дахлдори ҳамкорӣ ба имзо расиданд.
Аз соли 1992 байни Тоҷикистону Россия чанд созишнома ба имзо расонида шудааст?
Аз соли 1992 то соли ҷорӣ байни Тоҷикистону Россия беш аз 300 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнимақомотӣ, ки ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳарбӣ-техникӣ, фарҳангӣ-техникӣ ва дигар самтҳо ба танзим медароранд, ба имзо расонида шудаанд. Санадҳои асосии муносибатҳоро Шартнома оид ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кӯмаки мутақобила (25.05.1993) ва Шартномаи ҳамкории шарикӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия (16.04.1999) ташкил медиҳанд. Ёдрас мешавем, ки зимни сафари Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия М. Мишустин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (2-3 март) имзои як қатор санадҳои байниҳукуматӣ ва байнимақомотии барои ҷонибҳо муҳим пешбинӣ гардидааст.
Ҳамкориҳо байни парлумонҳои ду кишвар дар кадом сатҳ қарор доранд?
Байни парлумонҳои ду кишвар ҳамкории фаъол роҳандозӣ шудааст. Муносибатҳо миёни мақомоти қонунгузори ду кишвар тавассути Созишнома байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россиява Созишнома миёни Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ амалӣ мегардад.
Аз моҳи октябри соли 2006 комиссияи доимӣ байнипарлумонӣ амал мекунад, ки яке аз абзорҳои асосии мубодилабайни мақомоти номбурдаро ташкил медиҳад ва ҷаласаҳои он мунтазам ҳамасола 2 маротиба баргузор мегарданд.
24-25 ноябрисоли 2020 Раиси Маҷлиси миллӣ Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомали бо сафари расмӣ ба шаҳри Москва ташриф овард.
Ҳамасола ҳамоиши байнипарлумонии “Тоҷикистон ва Россия: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ” доир мегардад, ки яке аз сиғаҳои муҳим дар пешбурди ҳамкориҳои дуҷонибаи самти байнипарлумонӣ арзёбӣ мегардад. Моҳи феврали соли 2022 раиси Шӯрои федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия хонум Валентина Матвиенко ба Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар кори Ҳамоиши мазкур ташриф овард.
Россия дар тӯли ҳамкориҳои бисёрсола дар тиҷорати хориҷӣ ва сармоягузорӣ бо Тоҷикистон чӣ гуна мавқеъ дорад?
Россия дар тӯли ҳамкориҳои бисёрсола дар тиҷорати хориҷӣ бо Тоҷикистон мавқеи пешсаф дорад ва яке аз шарикони асосии тиҷоратии кишвар ба ҳисоб меравад. Бино ба маълумоти оморӣ гардиши мол барои соли 2022 1,7 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод, ки ин нишондод 18% аз соли 2021 зиёд мебошад.
Яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар сармоягузории мустақими Россия ба иқтисоди Тоҷикистон дар бахшҳои энергетика, истеҳсолоти саноатӣ, саноати кӯҳӣ, металлургӣ ва сохтмон, нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан ва кишоварзӣ мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 100 ширкатҳои россиягӣ дар самтҳои гуногун фаъолият менамоянд.