Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд, ки ҳамзамон оаиси Федератсияи футболи вилоят низ мебошад, бо гурӯҳи кории Федератсияи футболи Тоҷикистон мулоқот намуд.
Ба иттилои Маркази матбуоти раиси вилояти Суғд, дар мулоқот, ки ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов ва директори Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов ширкат доштанд, масъалаҳои омодагии дастаҳои вилояти Суғд ба мавсими нави футбол мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон барои дастгириҳо дар самти рушди футбол изҳори сипос кард.
Раиси вилоят қайд кард, ки имсол вилоятро ду бошгоҳ – «Хуҷанд» ва «Эсхата» дар лигаи олии Тоҷикистон ва панҷ даста дар лигаи якуми кишвар намояндагӣ мекунанд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дастаҳои вилоятро дастгирӣ хоҳад кард.
Дар мулоқот ҳамзамон масъалаи таъмини варзишгоҳҳо бо таҷҳизоти замонавӣ, ширкати тимҳои ҷавонон, занон ва футзали вилоят дар мусобиқоти қаҳрамонии кишвар мубодилаи афкор намуданд.