Дирӯз, 8 феврали соли равон миёни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор)-и Федератсияи Россия вобаста ба вазъи бемориҳои сироятӣ дар минтақа ба таври мазоҷӣ (онлайнӣ) машварати корӣ доир гардид.
Ба иттилои Маркази матуботи ин Вазорат дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини вазир, сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ, роҳбари Хадамоти федералии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва беҳдории инсон (Роспотребнадзор)-и Федератсияи Россия Анна Попова иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни машварати корӣ ҷонибҳо доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуда, ҳавасмандии хешро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо иброз намуданд.