Дар соли 2022 оиди иҷроиши корҳои инспексионии байторӣ 1279 адад амрия ва 3588 адад санад, инчунин нисбати 1762 нафар протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода, аз ин ҳисоб ба маблағи 372 132 сомонӣ ҷарима ситонида, ба буҷаи давлатворид карда шудааст. Ин нукта дар нишасти хабарии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ зикр гардид.
Инчунин илова шуд, ки 644 мактуб ба мақомоти прокуратура ва суд, 1135 адад мактуб ба хоҷагиҳо ва ҷамоатҳо, 1374 адад мактуб ба раисони шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуда, ҳамзамон 5005 нафар соҳибкорон барои риояи талаботи байторию беҳдоштӣ огоҳонида шуда, дар воситаҳои ахбори омма 233 маротиба баромад анҷом дода шудааст.
Ҳамчунин аз тарафи марказҳои таъминоти бехатарии озуқавории шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар соли 2022 ба иншоотҳои нигоҳдорӣ, анборхонаҳо, сардхонаҳо, сехҳои коркарди маҳсулоти чорводорӣ, дуконҳои гӯштфурӯшӣ, нуқтаҳои забҳи чорво, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ 7 964 адад аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолӣ дода шуда, аз ин ҳисоб ба буҷаи ҷумҳурӣ 1 528 621 сомонӣ маблағ ворид гардидааст. Шумораи аттестатҳои додашуда нисбати ҳамин давраи соли гузашта 132 адад ва маблағи ба буҷҷет ворид кардашуда бошад 119 328 сомонӣ зиёд аст.
Наҷибуллои Ҳомидҷон
радиои “Тоҷикистон”