Вазъи кунунии бесарусомонӣ дар Афғонистон пас аз ба қудрат расидани Толибон* дар ин кишвар мушкилоти руҳӣ ва равонии занону духтарони афғонро ба бор овардааст. Ба гузориши расонаҳои маҳаллии Афғонистон, бо афзоиши маҳдудиятҳои ҳукумати Толибон нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои занону духтарон, шумори беморони рӯҳӣ дар Афғонистон афзоиш ёфтааст.
Ба иттилои манбаъҳои муътамад, Вазорати маорифи ҳукумати Толибон дар як нома ба донишгоҳҳои ҳам хусусӣ ва ҳам давлатӣ ҳушдор додаанд, ки дар сурати риоя накардани ин маҳдудият масъулин ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ин омил ба он боис гардидааст, ки шумораи зиёди занону духтарони афғон бо мушкилии рӯҳиву равонӣ рӯ ба рӯ шаванд. Дар ин бора мудири шуъбаи бемориҳои рӯҳии беморхонаи Ҳирот Доктор Шафиқ Умар иттилоъ додааст. Ба таъкиди Доктор Шафиқ Умар дар 6 моҳи соли 2021 – 1506 зан ва соли 2022 – 1885 зан аз шӯъбаи бемориҳои рӯҳии бемористони Ҳирот гузаштаанд, ки ин нигаронкунанда мебошад.
Ҳамзамон дар ин робита табиби бемориҳои рӯҳии беморхонаи Ҳирот Доктор Абдулло Ҷунайдӣ ба расонаҳо иттилоъ додааст, ки аз 1885 нафар муроҷиаткунандагон шумораи занони аз 16 то 25 – 30 сола зиёданд, ки ба сабаби дур мондан аз шуғлу таҳсил ба бемории равонӣ гирифтор шудаанд. Ба гуфтаи Доктор Абдулло Ҷунайдӣ бастани мактабҳо ба он боис шудааст, ки миёни духтарони ҷавон ноумедӣ афзоиш ёбад ва аксарият дар фикри худкушӣ афтанд.
Маврид ба зикр аст, ки феълан танҳо духтарони то 12-сола дар Афғонистон метавонанд аз ҳуқуқашон ба таҳсил истифода карда, то синфи 6 таҳсил кунанд. Пештар Вазорати таҳсилоти олии ҳукумати муваққати толибҳо дар Афғонистон бо интишори номае аз бастани дарвозаҳои донишгоҳҳо ба рӯи духтарон хабар дод. Ин иқдоми толибҳо вокунишҳои дохилӣ ва байналмилалиро ба вуҷуд оварда буд. Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ аз толибҳо интиқод карда буданд ва хоҳони лағви мамнуъияти таҳсил барои духтарон дар донишгоҳ шудаанд. Бархе аз давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла Ӯзбекистон низ бо нашри як муроҷиатномаи расмӣ аз толибон хост, барои ояндаи дурахшони кишвар ин қарорашонро бозбинӣ намоянд.
Парвина Самадарзода
радиои “Тоҷикистон”
*Гурӯҳи мамнуъ дар Тоҷикистон