Хунёгаре аз диёри Хуршед

Барои ин оҳангҳо ҳофизу мутриби  сухансанҷ  беҳтарин ғазалҳоро  интихоб намуда, онҳоро ба маҳорати хос иҷро намудааст.  Ҷолиб он аст, ки ба ин силсилаи оҳангҳо савти равон, овози дилкашу фараҳбахши устод Ҷӯрабек Муродов таъсири амиқ  расонида, сурудро боз ҳам дилкашу форам  намудааст. Вай ҳар як суруди классикиро бо лаҳни хуш, нидои махсус ва баёни равон иҷро карда, ба дилҳо шӯр ва ба қалбҳо сурур мебахшад.  

Махсусан, оҳангҳои танавор ва дилхароҷро устоди забардаст ба хубӣ иҷро карда, барои ин навъи оҳанг ғазалҳоеро интихоб кардааст, ки мазмуни баланди ахлоқӣ ва ишқӣ дошта, дар боло рафтани маънавиёт ва баланд бардоштани завқи отифонаи инсон таъсири амиқ мерасонанд. Ҳамин муҳаббат ва шӯридадилӣ ба мусиқии суннатии касбӣ устоди санъати тоҷик – Ҷӯрабек Муродовро ошиқи шайдои мақоми миллӣ карда, ба вай рӯҳу илҳом бахшида, дар офаридани оҳангҳои марғуладор ва дилнавоз кумакаш намудаанд.  Дар ҳамин радиф ӯ якчанд оҳанг эҷод карда, “Ушоқи Душанбе” – и сарояндаи маҳбуби халқ намунаи олии санъати мусиқии суннатии касбӣ ба шумор меравад. Бар ғазали шоир устод тарзе оҳанг бастааст, ки дар он тамоми зебоӣ ва бузургии Душанбе ҳамчун пойтахти Тоҷикистони азиз эҳсос  мешавад. Ин оҳанг ниҳоят фораму равон буда, садои шӯрангези устод онро боз гуворотар намудааст. Бе муболиға, чунин оҳангҳо дар эҷодиёти устод Ҷӯрабек Муродов ниҳоят  зиёд буда, аз ҳунари воло, таъби саршор ва хунёгари бузург будани ӯ дарак медиҳанд. Вай дар ин замина мактаби бузурги худро таъсис дода, дар рушди санъати мусиқии касбӣ ва халқӣ нақши ниҳоят азим бозидааст. Бо кӯшиши ӯ мактаби мақомхонӣ таъсис ёфта, беҳтарин овозхонони тоҷик ин мактабро идома дода, ба номи устод арҷ мегузоранд ва сабку баёни ӯро идома мебахшанд.

Ҷолиб он аст, ки устод Ҷӯрабек Муродов баробараи сурудҳои тоҷикӣ сурудҳои ӯзбекиро низ бо истеъдоди баланд иҷро намуда, дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек нақши бузург бозидааст. Вай силсилаи мақомхонии Фарғона, Самарқанд, Бухоро ва Хоразмро такмил бахшида, дар иҷрои сурдҳои суннатии касбии ӯзбекӣ маҳораи шоиста нишон додааст. Ӯ сурудҳои “Қӯшчинор”, “Лайло”, “Ферӯз”, “Фарғона тенг отгунча” “Қошларӣ қаламлар”  ва як силсила мақомҳои суннатиро бо маҳорати баланд иҷро карда, дар ин ҷодда муваффақ низ шудааст. Вай мактаби мусиқии Комилҷон Отаниёзов, Юнус Раҷабӣ, Маъмурҷон Узоқов ва Шералӣ Ҷӯраевро идома дода, дар рушди мусиқии анъанавии касбии ӯзбекӣ  ҳам таъсири амиқ расонидааст. Ӯро дар бисёр маҳалҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон ба некӣ ёд карда, дар базму шодии хонаводаашон даъват менамоянд ва бо иштироки ин ҳунарманди тоҷик  хурсандиҳояшонро баргузор мегардонад. Албатта, ин ҳама аз бузургӣ ва маҳорати баланди сурудхонии устод Ҷӯрабек Муродов дарак медиҳад.

Бояд гуфт, ки устоди ҳунар, ҳофизи маҳбуби мо Ҷӯрабек Муродов  шоистаи суханҳои аз ин беш буда, дар рушди санъати мусиқии тоҷик хидмати босазо ва шоистаро ба анҷом расонидаанд.  Аз ин рӯ,  дар арафаи ҷашни мавлуд ва 80 – солагии камолоти умри бобаракаташон ба ин ҳунарманду хунёгари бузург саломатӣ ва барори кор хоста, дар корҳои минбаъдаи эҷодиашон муваффақиятҳо орзумандем.

Абдуҷаббор Раҳмонзода

академики  Академияи

 миллии илмҳои Тоҷикистон