Таассурот аз Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022

Давоми як моҳ аз 20-ноябр то 18-декабр дар давлати Қатар – Чемпионати ҷањонии футбол 2022 баргузор гардид. Аз марҳилаи гурӯҳи саркарда то рақобати финали ҳар як бозӣ ба худ ҷолибияте дошт.

Дар ин чемпионат мо гиряҳои талхи Криштиану Роналду ва хандаҳои такрорнашавандаи Лионел Мессиро дидем. Ҷоми Ҷаҳон-2022 бо рақобати мунтахабҳои Қатар ва Эквадор оғоз гардид.

Дар даври якуми марҳилаи гурӯҳӣ шикасти Аргентина аз Арабистони Саудӣ ва пирӯзии Ҷопон бар муқобили Олмон ҳангомае буд, ки касе аз мухлисони футбол интизор набуд. Инчунин мухлисони Ҷопон баъди ҳар як рақобаташон, новобаста аз бохт ё ғалаба партовҳои варзишгоҳро ҷамъ меоварданд, ки инро маданияти баланди ҷопониҳо, дар Ҷоми Ҷаҳон медонистанд.

Дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳӣ бошад Белгия аз Марокаш ва Уругвай аз Португалия дучори шикаст гардид, Олмон бо Испания мусовӣ бозӣ карданд. Баъд аз бозињ
ҳои ин давр мунтахабҳои Бразиля, Фаронса ва Португалия ба даври плей-офф роҳ ёфтанд ва мизбони мусобиқа Қатар бо Канада имкони ба даври баъди роҳ ёфтанро аз даст доданд.

Дар таърихи Ҷоми Ҷаҳон ин бори дуюм буд, ки мизбони мусобиқа аз марҳилаи гурӯҳӣ ба даври баъди роҳ наёфт. Бори аввал ин натиҷа дар Чемпионати ҷаҳонии соли 2010 рух дода буд, ки Африқои Ҷанубӣ низ аз марҳилаи гурӯҳӣ баромада натавониста буд.

Дар бозиҳои даври сеюми марҳилаи гурӯҳӣ шикасти Испания аз Ҷопон, пирӯзии Кореяи Ҷанубӣ бар муқобили Португалия, инчунин бохти Бразиля аз Камерун ҳангомаҳои навбатии Ҷоми Ҷаҳони Қатар ба ҳисоб мерафт.

Мунтахабҳои Белгия, Олмон, Уругвай, Дания, ки яке аз беҳтаринҳо ва фаворитҳо ба ҳисоб мерафтанд, натавонистанд, ки ба даври плей-офф роҳ ёбанд.

Президенти ФИФА Ҷанни Инфантино атрофии рақобатҳои марҳилаи гурӯҳии Чемпионати ҷаҳон чунин ибрози назар кард, ки марҳилаи гурўҳии Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 беҳтарин марҳилаи гурӯҳӣ дар таърихи Чемпионати ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Марҳилаи гурӯҳӣ бо ҳангомаҳои зиёд ва пирӯзиҳои ғайриинтизор ба охир расид ва 16-дастаи муваффақ ба даври плей-офф роҳхат гирифтанд.

Дар даври 1/8 финали Ҷоми ҷаҳон Нидерландия муқобили Амрико, Аргентина муқобили Австралия, Хорватия муқобили Япония, Бразиля муқобили Кореяи Ҷанубӣ, Англия муқобили Сенегал, Франсия муқобили Полша, Марокаш муқобили Испания ва Португалия муқобили Швейтсария пирӯз гардиданд.

Ҳангомаи навбатӣ дар ин марҳила шикасти Испания аз Марокаш дониста мешуд, ки дар силсилазарбаҳои 11-метраи ҷаримавӣ шогирдони Луис Энрике ноком шуда аз идомаи мусобиқа бенасиб гаштанд.

Бозиҳои дар ¼ ниҳоӣ бисёр ҷолиб ва бо рақобатҳои ғайриинтизор сурат гирифт. Дар ин давр мо шоҳиди Қаҳрамонии футболбозони Марокаш ва гиряи бисёр талхи ҳамлавари саршиноси сайёра Криштиану Роналду гаштем. Дар баробари Криштиану Роналду гиряи талхи Неймар низ дар ин давр аз чашми мухлисони футбол дур набуд.

Футболбозони Англия бо ҷиду ҷаҳд натавонистд, ки Фаронсаи Қаҳрамонро шикаст бидиҳанд, лекин бозиашон беназир буд. Аргентина бо Лионел Месси дар ин давр Нидерландияро аз сади роҳ дур карда, ба дар нимниҳоӣ роҳхат гирифтанд.

Бояд бигӯем, ки дар даври 1/8 ниҳоӣ Нидерландия аз Аргентина, Бразиля аз Хорватия, Англия аз Фаронса ва Португалия аз Марокаш шикаст хӯрданд.

Дар марҳилаи ниманиҳоӣ Аргентина бо як боварӣ Хорватия ва Фаронса Марокашро шикаст дода, ҳарду ба финал баромаданд. Хорватия бо Марокаш бошад, барои ба даст овардани медалҳои биринҷӣ рақобат намуданд.

Мунтахаби Хорватия бо шикаст додани Марокаш нишони биринҷии Чемпионати ҷаҳонро ба даст овард.

Шоми 17-уми декабр дар варзишгоҳи «Халифа» дар Доҳа, бозӣ барои ба даст овардани нишони биринҷии Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 миёни мунтахабҳои Хорватия ва Марокаш сурат гирифт.

Рақобати дастаҳо бисёр ҷолибу диданӣ доир гардида, бо ҳисоби 2:1 бар нафъи футболбозони Хорватия ба анҷом расид.

Ҳамин тариқ Хорватия бори дуюм аст, ки пай дар пай дар Чемпионати ҷаҳонии футбол ба гирифтани медал даст меёбад. Дар Чемпионати ҷаҳони соли 2018 Хорватия ба финал баромада буд ва дар даври ниҳоӣ аз Фаронса бо ҳисоби 2:4 мағлуб гардид.

Тими мунтахаби Марокаш бошад дар Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 тавонист, ки таърихи наверо сабт кунад. Ин натиҷа барои мунтахаби Марокаш ва футболи Африқо натиҷаи рекордӣ ба ҳисоб меравад.

Дар баробари ба ин марҳила расиданашон футболбозони Марокаш бо эҳтироме, ки нисбати мухлисони даста ва волидайнашон доштанд, боиси аҳсану офаринҳост. Онҳо баъди ҳар як пирӯзӣ бо аҳли оила, аз ҷумла бо падарону модаронашон ва фарзандону ҳамсаронашон дар майдон рақсу бозӣ ва хурсандӣ мекарданд, ки ин эҳтироми баланд нисбати оиларо нишон медиҳад.

Баъд аз рақобат барои ҷойи сеюм бозии финали байни мунтахабҳои Аргентина ва Фаронса баргузор гардид. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи «Лусаил» баргузор гардида бо натиҷаи 3:3 анҷом ёфт, лекин дар зарбаҳои 11-метраи ҷаримавӣ футболбозони Аргентина бо ҳисоби 4:2 ғалаба ба даст оварда, Чемпиони ҷаҳон гардиданд.

Орзуе, ки 36-сол мухлисони Аргентина ва 20-сол Лионел Месси интизорӣ мекашид, дар Ҷоми Ҷаҳон Қатар-2022 бароварда шуд.

Ҳамин тариқ Аргентина бо шикаст додани Фаронса ғолиби Чемпионати ҷаҳон-2022 гардид.

Бояд қайд намоем, ки баъди анҷоми рақобат лаҳзањои хотирнишон, аламовар ва меҳрубониҳои бепоён нисбати футболкорон сурат гирифт.

Намунаи ҳамин ғамхориҳо метавон навозишҳои падаронаи Президенти Фаронса Эмануэл Макронро зикр кард, ки нисбати ҳамлавари дастони тими кишвараш Килиан Мбаппе лоиқ донист. Дар ин асно аз корномаву бозигузориҳои олии фурсатҳои охирини дидори дуи мунтахабҳои абарқудрати футбол дар шумули Аргентинаву Фаронса Лионел Месии дастон сару садоҳо ба қавле ҳангома ба бор овард, ки бошандагони як сайёра ҳамон шом номи ӯро бар лаб доштанд.

Ин ки Мбаппеи африқоӣ дар аҳди ҷавонӣ дар кишвари худаш Камерун бечора буду дар футболи меҳанаш бекора, далелу дастакаш ин буд, ки ба нақди фуруди ӯ дар дастаи мунтахаби ватанаш маблағи ҳангуфте аз ӯ талабу тақозо карданд, ки дар натиҷа натавонист орзуҳои андсолаи дилашро бароварда созад. Ин қисса аз забони падари Мбаппеи ранҷур садо додаанд. Кайҳо фурсат расида буд, ки Камерун бо ҷабри кардааш дар гузашта нисбати футболкори беназираш Мбаппе эҳсоси пушаймони иқрор шудаву шояд аз таҳи дил хостори баргардониши Килианро ба таркиби мунтахаби худаш дошта бошад. Аммо ба масал пайкон кайҳо аз камон ҷаҳидааст.

Бо ҳамин таасуротҳо то чор соли баъди хайр!

Сорбон Амонуллозода

радиои “Тоҷикистон”