Имрӯз, 16 декабр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзномаи ҷаласа иборат аз 43 масъала тасдиқ гардида, мавриди баррасии аъзои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифт.
Нахуст дар доираи масъалаҳои ташкилӣ лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси интихоби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия баррасӣ гардиданд.
Сипас, аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷовидон гардонидани хотираи ҳалокшудагон ҳангоми ҳифзи Ватан», «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон», «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ» ва «Дар бораи қарзи давлатӣ ва қарзи аз ҷониби давлат кафолатдодашуда» муҳокима намуданд.
Инчунин аз ҷониби аъзои Шӯро якчанд масъалаҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба кодексҳои ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, мурофиавии гражданӣ, мурофиавии иқтисодӣ, гумрук, фазои ҳавоӣ ва андоз, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва ғайра мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тибқи пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати мамлакат лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Балаҷон Идрисзода, аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Шамс Азизӣ ва Тоҳир Қодирзода, аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Парвиз Мирзозода ва оид ба иваз намудани номи деҳаи Ҷиргатоли деҳоти Ҷиргатол ба деҳаи Сариосиёб ва деҳоти Ҷиргатол ба деҳоти Наврӯзи ноҳияи Лахш баррасӣ ва ба иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум пешниҳод карда шуданд.
Дар идомаи ҷаласаи Шӯро доир ба рафти иҷрои Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025 дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020» гузориши муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҷеъ ба тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Вазъи таъмини муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии кишвар бо кадрҳои омӯзгорӣ ва сатҳу сифати таҳсилот дар ин муассисаҳо» маълумоти раиси кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон шунида шуданд.
Аз рӯи масъалаҳои мазкур қарорҳои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардиданд.
Дар фарҷом доир ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023 ва басти вазифаҳои Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузориши роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шунида шуд.
Худи ҳамин рӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллӣ вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишаванда баргузор гардид.
Аъзои Шӯро бо тартиби муқарраргардида лоиҳаҳои қарорҳои Шӯроро вобаста ба тартиби кор, инъикоси ҷараён ва рӯзномаи ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон доир ба масъалаҳои тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи озод ва таъйин намудани аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳои дахлдори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ба баррасии ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум пешниҳод карда шуданд.
Мавриди зикр аст, ки 23 декабр дар ҷаласаи якҷояи ҳаштуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми навбатии худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамоянд.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати иштироки фаъолона, дар сатҳи баланди ташкилӣ ва пурмуҳтаво доир намудани ҷаласаи якҷояи ҳаштум ба аъзои Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастурҳо доданд.
АКС: АМИТ «Ховар»