Дар Душанбе доир ба муаррифии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин бора котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов хабар дод.
Модераторони барномаи мазкур- раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода ва раиси Комиссияи назорати дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Ҷамшед Муртазозода иброз намуданд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз» асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии амалигардонии ҳуқуқ ва имконияти баробарро барои ҳама шахс дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва низоми ҳуқуқии пешгирӣ, ҳифзи самаранок аз ҳама гуна шакли табъизро танзим ва муқаррар менамояд.
Ҳамчунин вакили Маҷлиси намояндагон Ранохон Бобоҷониён дар мавзӯи «Муаррифии қонун ва тавсияҳо оид ба ҳамоҳангсозии мақомоти давлатӣ дар самти мутобиқгардонии заминаи меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон», муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Каримзода дар мавзӯи «Тадбирҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода дар мавзӯи «Татбиқи қонун, таҳияи усулҳои ягонаи татбиқи он аз ҷониби Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон» ва директори Фонди ҷамъиятии «Нота Бене» Нигина Баҳриева дар мавзӯи «Нақши институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешбурди сиёсати зидди табъиз» маъруза намуданд.