Бахшида ба рӯзи геологияи тоҷик, ки ҳамасола рӯзи 9-уми декабр таҷлил карда мешавад, дар Донишкадаи кӯҳиё металлургии Тоҷикистон китобхонаи электронӣ ба истифода дода шуд.
Ба иттилои масъули китобхонаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Неъмат салимзода дар фонди китобхона беш аз 100 ҳазор адабиёти илмиву бадеӣ нигоҳ дошта мешавад. “Қаблан низ дар ҳайати китобхонаи илмӣ электронии донишкада бахши китобҳои электронӣ мавҷуд буд. Таваҷҷуҳи бештари ҷавонон ба дастгоҳу ехнологияҳои наву замонавӣ ва роҳҳои дарёфти иттилоотро ба инобат гирифта Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии тоҷикистон дар ин соли хониш як толори калонро таъмиру азнавсозӣ карда онро бахшида ба рӯзи геологияи тоҷик ҳамчун китобхонаи электронӣ ба истифода дод. Дар чорабинӣ аҳли раёсати донишкада бо роҳбарии профессор Маҳмадалӣ бахтиёр набӣ ва дигар иштирокчиёни конфронси байналмилалии бахшида ба рӯзи геологияи тоҷик иштирок карданд”,-изҳор дошт масъули китобхонаи мазкур Неъмат салимзода.
Ҳоло дар толори барҳавои китобхонаи электронии ДКМТ беш аз 60 компютери насли нав насб гардида, бо хатти интернет пайваст мебошанд. Дар соли таҳсили 2022-2023 бар асоси ҳамкориҳои судманд бо китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутии шаҳри Душанбе ба фонди китобхона қариб 20 000 номгӯйи китобҳои гуногуни электронӣ ворид карда шуда, ҳаҷми умумии китобҳои электронӣ дар хазина ба қариб 100 000 баробар гардид. Дар назар аст, ки чунин табодули китоб бо дигар муассисаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ сурат бигирад,-мегуяд масъули китобхонаи электронии Донишкадаи кӯҳиё металлургии Тоҷикистон Неъмат Салимзода. Ба таъкиди ӯ дар китобхонаи электронии мо тамоми шароит, аз ҷумла компютерҳо насли нави пайваст бо интернет муҳайё шудааст. Ин имкон медиҳад, ки донишҷӯён омада, мавзӯъҳои худро ҷустуҷу кунанд ва донишҳои худро такмил диҳанд.
Ба иттилои масъулин китобхонаи электронӣ тамоми кӯшиши худро ҷиҳати бароҳ мондани воситаҳои ҷалби донишҷӯён ба мутолеа бароҳ монда истодааст. Дар худи ҳозир барномасозони донишкада барномаеро омода кардаанд, ки он имкон медиҳад, то донишҷӯён дар дилхоҳ ҷой бо истифода аз рамзи ягонаи худ вориди китобхонаи электронӣ гардида, барои устувор кардани донишҳои худ истифода намоянд. “Мо сомонаи дохилӣ ба истилоҳ локалнийии китобхонаро алакай омода кардаем, ки ҳамарӯза ба он китобҳои нави электронӣ гузошта мешаванду донишҷӯён ворид шуда, онҳоро ё онлайн мехонананд ё зеркашӣ карда ба худашон мегиранд. Барои оммавӣ гардонидани китобҳои китобхонаи электронӣ нақша аст, ки мо сомонаи махсуси китобхонаро ташкил намоем”,-зикр намуд Неъмат Салимзода.
Бояд гуфт, ки китобхонаи электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамчун сохтори таркибии Китобхонаи илмӣ – электронии донишкада маҳсуб ёфта, фаъолияташ ҳамаҷониба ба таъмин намудани кормандон, омўзгорон ва донишҷӯён бо китобҳои дарсӣ, бадеӣ ва илмию сиёсӣ равона гардидааст.