ТОЗАНАШР: «ОРМОНИ МИЛЛАТ: РОҒУН БУЗУРГТАРИН САРБАНДИ АСРИ НАВ»

«Ормони миллат: Роғун бузургтарин сарбанди асри нав» (Феҳристи адабиёт) – таҳти чунин унвон ба ифтихори 30- солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав ба нашр расид.

Феҳристи мазкур ҷадидтарин асари библиографиест, ки дар он маводи гуногун, аз ҷумла, номгӯи китобу мақолаҳо аз саҳифаҳои матбуоти дохилӣ ва хориҷии кишвар доир ба НБО «Роғун» мураттаб гардидаанд.
Феҳристи мазкур аз 8 қисм иборат буда, 1644 номгӯй маводи чопӣ ва электронии ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, узбекӣ, украинӣ, эстонӣ, молдавӣ, латишӣ, қирғизӣ интишорёфтаро фаро гирифтааст.
Феҳристи мазкур бори нахуст дар асоси захираҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо назардошти ворид шудани нусхаҳои ҳатмӣ, нашрияҳои библиографии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории китоб -Хонаи китоби Тоҷикистон ва сомонаҳои интернетӣ таҳия шуда, маводи чопию электронии солҳои 1968-2020 нашршударо фаро мегирад.