Рӯзи дуюм аст, ки дар шаҳри Душанбе дар доираи “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” конфронси байналмилалии “Низоми сиёсии фарогир дар Афғонистон: усулҳо, моделҳо ва қадамҳо баргузор гардида истодааст.
Дар ин конфронс олимон ва сиёсатшиносон ва намояндагони ташкилотҳои минтақавӣ иштирок намуда истодаанд. Конфросни мазкур дар маҷмӯъ аз 7 қисмат иборат мебошад. Дар қисмати 5-уми конфронс, ки “Наврӯз: мероси муштараки фарҳангӣ ном гирифтааст, иштирокчиён атрофи ин фарҳанги ниёгон андешаронӣ намуданд. Гуфта шуд, ки наврӯз василаи муттаҳидсозии миёни кишварҳои ҳамфарҳанг ва кишварҳои ҳавзаҳои наврӯз мебошад. Бояд гуфт, ни нишасти мазкур танҳо хислати илмӣ дошта, аз мавқеъи ягон кишвар нисбати қазияи Афғонистон пуштибонӣ намекунад.
“Ин конфронс дар қаринаи ташаббусҳои Тоҷикистон дар бораи ташкили ҳукумати фарогир ба хотири таъмини амният ва сулҳу субот дар Афғонистон баргузор мегардад, ки Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва кишвари баргузоркунандаи чорабиниҳои муҳим ва шаҳри Душанберо ҳамчун кишваре, ки барои дигар кишвар низ сулҳ меорад, муаррифӣ мекунад”-мегӯяд устоди ДМТ Амриддин Шарипов.
Доктор Муҳаммадамин Аҳмадӣ собиқ раиси Донишгоҳи ибни Синои Афғонистон дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки Тоҷикистон ягона кишварест, ки тарафдори таъсиси як ҳукумати ҳамашумул дар Афғонистон мебошад. Аз ин рӯ метавон талоши Тоҷикистонро дар самти ба даст овардани як сулҳи пойдор муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳоло қисмати шашум “Аз ҳарф то амал: Нақши созмони милал: бетарафии Афғонистон: замонати ҷаҳонӣ” идома дошта, иштирокчиёни ин қисмати чорабинӣ атрофи вазъи мураккаби Афғонистон суханронӣ намуда истодаанд.
Баҳруллои М.
радиои “Тоҷикистон”