Акс аз Федератсияи дзюдои Тоҷикистон
19-уми ноябр дар меҳмонхонаи Ҳаят Реҷенсии шаҳри Душанбе ҷаласаи ғайринавбатии интихоботии Конференсияи Федератсияи ҷудои Тоҷикистон баргузор шуд.
Вобаста ба масъалаи мазкур қайд карда шуд, ки дар мувофиқа бо Президенти Федератсияи ҷудои байналмилалӣ Мариус Визер Президенти феълии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Нурулло Лоиқов бо хоҳиши худ аз мансабаш истеъфо дода, номзадии Исмоили Маҳмадзоир ба симати Президенти нави Федератсияи ҷудои Тоҷикистон пешниҳод шуд.
Бо ҷонибдории якдилонаи иштирокчиёни ҷаласа Исмоили Маҳмадзоир президенти нави Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026 интихоб карда шуд.
Исмоили Маҳмадзоир ба иштирокчиёни ҷаласа барои боварӣ изҳори миннатдорӣ карда, иброз намуд, ки дар ҳамкорӣ барои рушди бештари намуди ҷудо талош мекунем.
Аз ҷониби ҳозирин ба Нурулло Лоиқов барои иҷрои вазифаҳояш дар вазифаи президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон изҳори сипос карда шуд.