Акс аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ
18 ноябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд дар ҳошияи 18-умин ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ва Конфронси ҳамбастагии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: “Дарвозаи глобалӣ” барои рушди устувор мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл баргузор гардидааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, илова мекунад, ки дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои таҳким ва тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ва амалисозии лоиҳаҳои муштараки иқтисодиву иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, перомуни масоили марбут ба амнияту суботи минтақа, вазъ дар Афғонистон, хатари терроризму ифротгароӣ, масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак гуфтугӯи судманд сурат гирифт.