Имрӯз, 10 ноябр Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳузур дар Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлат ва мардуми бародари Эрон дар иртибот ба фоҷеаи ҳамлаи террористии чанд рӯз қабл дар шаҳри Шероз ибрози таслият намуд. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сомонаи расмиаҳ хабар додааст.
Сироҷиддиг Муҳриддин паёми ҳамдардиро дар китоби махсуси таъзия, ки ба ин муносибат дар Сафорати Эрон боз шуда буд, дарҷ карда, зимни маҳкумияти шадиди ҳамлаи террористӣ ба ҳарами мутаҳҳари Шоҳчароғ дар шаҳри Шерози ҶИЭ, барои қурбониён биҳишти барин ва барои маҷрӯҳон шифои комил орзу намуд.
Қаблан, 28 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Сайид Иброҳим Раисӣ барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуда буданд.