АБДУҚАҲҲОР ҚОСИМ ИШТИРОКЧИИ ФЕСТИВАЛИ АДАБИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР РУСИЯ

Аз 3 то 8 октябри соли 2022 дар Нижний Новгород ва вилояти Нижегородск Ҷашнвораи VI байналмилалии адабӣ ба номи Максим Горкий баргузор шуд.

Шиори фестивал «Мо дар ҷаҳоне зиндагӣ мекунем, ки одамро бе мутолиаи китоб фахмидан тамоман имконнопазир аст» (А. М. Горький) буда, дар ин ҷашнвора 50 шоиру нависанда аз Маскав, Санкт-Петербург, Кронштадт, Кемерово, Новокузнецк, Беларус, Тоҷикистон, Арманистон, Узбекистон, Эстония, Қирғизистон, Туркия ва дигар манотиқи пасошӯравӣ ширкат доштанд.

Қобили зикр аст, ки дар ин чорабинӣ ҳамватани мо, узви фаъоли ҲХДТ, ҳамраиси Шӯрои адабии Анҷумани халқҳои Авруосиё, ҳамоҳангсози миллии Ҷунбиши «Шеъри ҷаҳон – ҷаҳони бе девор», шоири зуллисонайн, мутарҷим ва рӯзноманигор Абдуқаҳҳори Қосим низ ширкат дошт.  

Қайд гардид, ки муоширати меҳмонони фестивал бо хонандагони рус, муколама дар бораи сарнавишти забон ва адабиёти рус дар хориҷи наздик дар шароити муосир ҳамчун унсури муҳими дипломатияи ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ ниҳоят муҳим аст. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки  Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ба меҳмонон ва ширкаткунандагони ҷашнвора номаи истиқбол фиристода, таъкид кардааст, ки “ин анҷумани эҷодӣ бояд як минбари муҳим барои таблиғи мероси ғании адабиёти рус, таблиғи мавқеи забони русӣ ва адабиёти рус гардад. Ва, албатта, дар шароити ҳозира вусъати робитаҳои байналхалкию маданӣ ва  гуманитарӣ ба нигаҳ доштани муҳити дустӣ ва боварии байни халқҳо мусоидат мекунад.”

 Дар ин ҷашнвора мизҳои мудаввар оид ба масъалаҳои мубрами адабиёт, вохӯриҳо бо адибону шоирон дар мактабҳо, коллеҷҳо, донишгоҳҳо, китобхонаҳо, мағозаҳои китобфурӯшӣ ва ғайра баргузор гардид.

Шоир Абдукаҳҳор Қосим дар вохӯрӣ бо шунавандагон дар донишгоҳи техникии Нижний Новгород ба номи Алексеев, китобхонаи марказии Дивеево, китобхонаи ба номи Т Г- Шевченко, китобхонаи вилоятии ба номи  В. И. Ленин, мизҳои мудаввар ва “Батли шоирон” ва ғайра иштирок намуд. Намояндаи Тоҷикистон дар баромадҳои худ дар бораи мавқеи забон дар адабиёт суханронӣ намуда, ба суолҳои иштирокчиёни вохӯрӣ ҷавоб дод ва бо ду забон русӣ ва тоҷики шеърҳояшро қироат намуд. Шунавандагон ва иштироккунандагони фестиваль ба эҷодиёти ӯ бо шавқу рағбати зиёд гӯш дода,  мавсуфро дар ҳар як чорабинӣ бо кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол намуданд.

Мизи мудаввар ва вохӯриҳо бо иштироки нависанда, чонишини раиси правленияи Иттифоқи нависандагони Русия, лауреати мукофотҳои умумирус-сиягӣ ва байналхалқии адабӣ Павел Григорьевич Кренев ва профессори кафедраи журналистикаи тамаддунии Академияи шаҳри Маскав ба номи В.В. Жириновский, университети умумиҷаҳонии тамаддунҳо, узви кумитаи ташкилии фестивал Лола Уткировна Звонарева баргузор гардид.

Евгений Ширшов, роҳбари лоиҳаи Ҷашнвораи байналмилалии адабии ба номи Максим Горкий қайд кард, ки «Ҷашнвораи мо ба он нигаронида шудааст, ки шавқу рағбат ба китобхонӣ тавассути таваҷҷуҳ ба адибон инкишоф ёбад. Дар давоми 6 рӯзи кори фестивал зиёда аз 100 вохӯриҳо баргузор  мегардад, ки  дар ягон ҷои дигари дар Русия дидан мумкин нест. Дар амал дар ҳамаи китобхонахои Нижний Новгород ва 8 ноҳияи вилоят вохӯриҳо бо нависандагон ва шоирон гузаронда мешаванд.

Ташкилотчии  Фестивали байналхалқии адабиёти ба номи Горький, лауреати мукофоти байналхалқии адабии ба номи Э. Хеменгуэй шоир ва нависанда Дмитрий Бурдин буда, Фестивал бо дастгирии ҳукумати вилояти Нижний Новгород ва маъмурияти шаҳри Нижний Новгород баргузор мешавад. Ташкилкунандагони ҷашнвора созмони хайрияи ҷамъиятии Нижний Новгород «Роҳи некӣ» ва Раёсати минтақавии лоиҳаҳои фарҳангию маърифатии вилояти Нижний Новгород мебошанд. Лоиҳа тавассути гранти Бунёди фарҳанги Русия дар доираи лоиҳаи федералии «Одамони созанда»-и лоиҳаи миллии «Фарҳанг» амалӣ карда мешавад.