Мазан бар хоки мо бебок дандон,
Ки дар ҳар порааш сангест пинҳон
(Рустам Ваҳҳобниё)
Бори чандум аст, ки артиши лаҷомгусастаи қирғиз ба фармоиши раҳбарони ҷиноятпешаи фошистмаобашон аҳдшиканона ва бо зери по гузоштани ойини инсонию ҳамсоядорӣ ба хоки поки мо чун урдуи фошистон ҳамла намуданд.
Дар ин ҳамлаи ғофилгирона, ки бо силдоҳҳои вазнин сурат гирифт, на танҳо маҳалли будубоши сарҳадбонони тоҷик, ҳамчунон хонаву манзили тоҷикони наздисарҳадӣ ба коми оташ рафт.
Сарварони ҷинояткори Қирғизистон гумон доранд чун аҷдодони кӯчиву бодиянишини бефарҳангашон метавонанд наберагони Сипитамону Диваштич, Темурмалику Восеъро бо зӯр аз хоки аҷдодиашон пеш кунанд. Ин хомфикрони намедонанд, ки дар хуни ҳар як тоҷики ватанпараст «ғурури ниёгону хашму ситези Рустами Дастон» нуҳуфтааст:
Дар хуни ман ғурури ниёкон нуҳуфтааст,
Хашму ситези Рустами Дастон нуҳуфтааст.
(Искандари Хатлонӣ)
Мо ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастем, ки русуми ҳамсоядориро риоя мекунад, сулҳу оштиро беҳ аз ҷангу хунрезӣ медонад ва на танҳо дар бораи суботи кишвар, балки оромию осудагии минтақа меандешад. Сарварони ҷиноятпешаи кишвари Қирғизистон ба хотири манфиатҳои молиявӣ ва ғаразҳои нопоки худ бо тақдири ду халқ бозӣ мекунанд.
Ростӣ, таҳлили задухӯрдуҳои марзии чанд соли охир баръало нишон медиҳанд, ки бо ин хайли ҷинояткори аҳдшикан танҳо аз мавқеи қудрату тавоноӣ ва зурӣ метавон бархӯрд кард. Ин тӯдлаи хабис, ки ҷилави Ҳукумати қирғизро ба даст гирифтаанд, номуси ҷавонмардию сифати инсонӣ надоранд. Чун фошистони нозӣ субҳи барвақт, ҳангоми хоби кӯдакон хонаҳои мардуми осоишта ва беяроқро бомбаборон мекунанд ва чун зани фоҳишаву патёра дар воситаҳои ахбори ҷаҳон худро ҷабрдидаву мазлум ҷилвагар мекунанд. Бо ин тоифаи ҷинояткору одамкуш ҳеҷ як гуфтушиниду аҳду паймон фоида надорад. Гургонро тавбаи гургона бояд дод. Хушбахтона, сарҳадбонони ҷасуру ватандӯсти тоҷик ин тӯдаи хабисро аз марзи Ватан чун саги велгард дафъ карданд:
Нигаҳ кун бад-ин лашкари номдор,
Ҷавонони шоистаи корзор.
Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,
Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.
Мо бо ин андеша, ки сокинони марзии кишвар пешниҳод кардаанд, ҳамрайъем: Заминҳои Меҳани азизро, ки аскарони ҷонфидои миллат бо додани ҷони азизашон бозпас гирифтанд, набояд ба ин тудаи хабис пас дод. Набояд ба қавлу қасами сарварони қирғиз бовар кард.Набояд ба ҳеч як созмону давлати хориҷӣ, ки танҳо аз пайи пиёда кардани манфиатҳои хешанд, бовар кард. Сарҳадро мустаҳкам бояд кард ва ба ҳар амали хабисона душман бояд ҷавоби қатъӣ дод:
Ай Модари Ватан, писаронат намурдаанд,
Осуда бош, гӯли аҷониб нахӯрдаанд.
(Устод Лоҳутӣ)
Умед дорем, ки халқи қирғиз ба зудӣ дарк мекунад, ки роҳбарии кишвараш ба дасти тӯдаи ҷинояткор аст ва ин ҷинояткоронро ба сазои аъмолашон мерасонад.
Ба умеди пирӯзӣ ва сулҳу осоиштагӣ дар Тоҷикистони азиз.
Ш.Р. Исрофилниё, профессор,
мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти ДДОТ ба номи С. Айнӣ